Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виталий Левченко сармураббии нави "Хуҷанд" шуд


Виталий Левченко, ки пештар ба дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон раҳбарӣ мекард ва ҳамзамон ёвари сармураббии тими миллии кишвар буд, сармураббии нави бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таъйин шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми апрел, пеш аз бозии “Хуҷанд” дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 муқобили «Дордой»-и Бишкек Виталий Левченко ба ҳайси сармураббии нав ба аъзои даста муаррифӣ мешавад.

Левченко дар нишасти хабарӣ, ки имрӯз дар арафаи бозии “Хуҷанд” ва «Дордой» доир мегардад, ширкат меварзад. Бегоҳи сешанбе ӯ аввалин тамрини дастаро анҷом медиҳад ва рӯзи чоршанбе, 17-уми апрел, дастаи “Хуҷанд”-ро ба бозии Ҷоми AFC-2019 муқобили «Дордой» ба майдон мебарорад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 17:00 шуруъ мешавад.

Виталий Левченко дар вазифаи нави худ Нуъмонҷон Юсуповро иваз кард. Ёдовар мешавем, Юсупов пас аз бохти “Хуҷанд” дар даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ба тими "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан рӯзи 11-уми апрел дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:2 бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод.

Нуъмонҷон Юсупов, собиқ сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд", рӯзи 15-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “пас аз бозӣ бо бошгоҳи «Аҳал»-и Туркманистон дар Ҷоми АФК ман мушоҳида кардам, ки дар бозиҳои минбаъда бисёре аз бачаҳо бо дили нохоҳам бозӣ мекарданд. Ин сабаб шуд, ки мо дар оғози мавсим се бозиро бохтем. Чанд нафари онҳо ба машқҳо ҷиддӣ муносибат намекарданд. Вале сабабаш ба ман маълум набуд. Ман ба хулосае омадам, ки минбаъд бо ин бозигарон ба ман кор кардан душвор мешавад. Бинобар ин, бо хоҳиши худ аз вазифаам истеъфо додам

Нӯъмонҷон Юсупов охири моҳи феврали соли гузашта сармураббии тими «Хуҷанд» таъйин шуда буд. “Хуҷанд” бо раҳбарии ӯ порсол барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардида, имсол барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 роҳ пайдо кард.

Юсупов солҳои 2014 -2016 низ вазифаи сармураббии “Хуҷанд”-ро ба зимма дошт. Таҳти раҳбарии ӯ “Хуҷанд” соли 2015 барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардида, дар Ҷоми AFC-2016 ширкат кардааст.

“Хуҷанд” дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо се имтиёз аз ду бозӣ дар байни ҳашт бошгоҳ дар ҷойи панҷум қарор дорад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG