Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори "ваҳшатнок" дар калисои Нотр Дам дар Фаронса. АКС


Шоми 15-уми апрел дар калисои "Нотр Дам" дар шаҳри Порис, ки беш аз 700-сола аст, сӯхтор сар зад. Ин калисо яке аз маҳбубтарин гӯшаҳои сайёҳии Фаронса аст ва солона беш аз 13 миллион нафар аз онҷо боздид мекунанд.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, суханронии худро хитоб ба мардуми ин кишвар лағв кардааст.

Як сухангӯи калисо ба хабаргузории "Фаронса" гуфтааст, сохтори чӯбӣ, ки сақфро нигаҳ медошт, дар оташ аз байн рафтааст.

Шаҳрдори Порис дар Твиттер ин сӯхторро "ваҳшатнок" хонда ва навиштааст: "Маъмурони наҷот дар талошанд, то забонаҳои оташро фурӯ нишонанд."

Пулиси пойтахти Фаронса дар Твиттер аз сокинон хост, аз таҷаммуъ дар атрофи калисо худдорӣ кунанд, "то роҳ барои мошини оташнишонҳо боз бошад".

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар Твиттер навиштааст, ки "дидани сӯхтор дар калисои Нотр Дам дар Порис ваҳшатнок аст. Шояд обпошҳои ҳавоӣ битавонанд оташро хомӯш кунанд."

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Чин 18 санади ҳамкорӣ имзо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00
XS
SM
MD
LG