Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Беҷошудаҳоро аз атрофи Триполи ба ҷойи амн кӯчонанд


Филиппо Гранди
Филиппо Гранди

Тақрибан 1500 гуреза дар атрофи Триполи (Тароблус), пойтахти Либия, дармондаанд ва, ба гуфтаи идораи муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид, бо гузашти ҳар соат хатар ба ҳаёти онҳо бештар мешавад.

Филиппо Гранди, комиссиари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо дар як эъломия гуфт, ин афрод "дар осебпазиртарин ва хатарноктарин шароит ҳастанд".

Ӯ рӯзи 12-уми апрел хост, ин афрод "бояд босуръат ба минтақаҳои амн кӯчонда шаванд", зеро масъалаи маргу зиндагӣ дар миён аст.

Ба гуфтаи комиссиари олии СММ дар умури гурезаҳо аз замони густариши доманаи буҳрон дар аввали моҳи апрел то кунун беш аз 9500 нафар хонаҳои худро тарк кардаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, дар бархӯрдҳои ахир дар Либия даҳҳо нафар кушта ва 300 тан захмӣ шудаанд.

Халифа Ҳафтар, фармондеҳи низомии Либия, ки гурӯҳи ба ном артиши миллии Либияро раҳбарӣ мекунад, ба Триполи ҳамла кардааст. Дар онҷо ҳукумати зери ҳимояти СММ амал мекунад.

Ҳафтар тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои боздоштани ҳаракат ба сӯи Триполиро нодида гирифтааст. Гуруҳи Ҳафтар аз сӯи Русия, Миср ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳимоят мешавад.

XS
SM
MD
LG