Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар маркази Судон давлати ғайринизомӣ мехоҳанд


Эътирозгарон дар кӯчаҳои Хартум, пойтахти Судон, як давлати ғайринизомӣ мехоҳанд. Ин ҳам пас аз як рӯзи табадуллоти ҳарбӣ, ки Умар Ал-Баширро сарнагун кард. Ӯ наздик ба 30 сол ин кишварро раҳбарӣ дошт.

Ҳазорон нафар бо вуҷуди манъ карда шудани рафтуомад аз тарафи артиш, баъди дастгир шудани Башир шабро дар назди ситоди низомӣ гузаронданд. Башири 75-сола бо 16 рӯзи норозигиҳо ба зидди ҳукуматаш рӯбарӯ буд.

Авод ибни Авф, вазири дифои Судон, рӯзи чоршанбеи гузашта гуфт, Судон ба давраи дусолаи ҳукумати низомӣ ворид хоҳад шуд, ки аз пасаш интихоботи президентӣ аст.

Ӯ дар суҳбат бо телевизиони давлатӣ гуфт, Башир дар ҷои “бе хавф” нигоҳ дошта мешавад ва ҳоло Шӯрои низомӣ кишварро идора мекунад.

Ибни Авф дар курсии зарҳалӣ нишаста, вазъияти фавқуллода, оташбас дар саросари кишвар ва боздоштани қонуни асосиро эълон кард.

XS
SM
MD
LG