Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Минск ба қатъи интиқоли нафти Русия


Акс аз бойгонӣ

Белорус интиқоли нафти Русияро дар робита ба таъмири лӯлаи "Дӯстӣ" мумкин аст, маҳдуд ё қатъ кунад. Дар ин бора ноиб-сарвазири Белорус Игор Петришенко хабар дод.

Ба иттилои ин мақомдори Белорус, мутахассисон ҳанӯз ним сол пеш ба қатъи фаъолияти лӯла даъват карда буданд. Он замон мақомоти Белорус ба хотири таъмини манофеи шариконаш тасмим гирифт, ки кори лӯларо қатъ накунад. Аммо акнун Игор Петришенко мегӯяд, бо назардошти вазъи муҳитзистӣ ва "иқтисоди сабз" маҷбуранд, кори лӯларо қатъ кунанд. Ҳоло маълум нест, ки таъмир чанд муддат давом мекунад.

Пештар аз ин президенти Белорус Александр Лукашенко рафторҳои Москваро бо таҳримҳо монанд кард, ки бозори Русияро барои чанде аз маҳсулоти белорусӣ дастнорас кардааст. "Он ҷо то он ҳад нописанд шудаанд, ки ба бастани дастони мо шуруъ кардаанд", - гуфт ӯ. Лукашенко пешниҳод кард, ки агар зарурат мавҷуд бошад, сарфи назар аз манфиатҳои ҷониби Русия, лӯлаи интиқоли нафтро барои таъмир банданд.

Ширкати "Транснафт"-и Русия гуфт, вазъи лӯлаи "Дӯстӣ" қонеъкунанда аст. Ширкат эътироф кард, ки дар лӯла баъзе нуқсҳо пайдо шудааст, аммо ҳоҷат ба қатъи интиқоли нафт нест. "Транснафт" гуфт, омодааст, барои рафъи нуқсҳо ба Белорус кумак расонад. Кремл ахиран гуфт, миёни Москва ва Минск "ҳамдигарфаҳмии комил" дар мавриди баъзе аз масоил мавҷуд нест, аммо "Русия ҳеч таҳриме ҷорӣ накардааст".

Идораи назорати Русия дар умури маҳсулоти кишоварзӣ 10 апрел воридоти себу ноки Белорусро муваққатан манъ кард. Ниҳоди мазкур ҳамчунин Белорусро барои ворид кардани баъзе аз маҳсулоти Аврупо ба Русия танқид кард, ки дар рӯйхати таҳримҳо ворид шудаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG