Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президенти Тоҷикистон ба Тошканд ба таъхир афтод


Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, ки 12 апрел бо ҳадафи ширкат дар дувумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назар буд, ба таъхир гузошта шуд.

"Санаи дақиқи мулоқоти сарони кишварҳои минтақа дар шаҳри Тошканд ҳанӯз муайян нашудааст", - гуфт як манбаи огоҳ.

Маҷлиси машваратии сарони кишварҳои минтақа бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон таъсис шуд ва нахустин ҷаласа моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Остонаи Қазоқистон барпо гардид. Он замон Мирзиёев ба ҳамтоёнаш пешниҳод кард, ки ҳамасола дар остонаи Наврӯз мулоқот кунанд.

Дар мулоқоти дувуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасии рушди ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт ва фарҳангу иҷтимоъ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG