Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи қирғиз Омурбек Бабанов ба ватан бармегардад


Раиси Ҳизби "Республика"-и Қирғизистон Айсулуу Молдожунуева бо ирсоли як нома шаҳрдории Бишкекро огаҳ кард, ки 13 апрели соли равон дар майдони қадимии пойтахт таҷаммуи осоиштаеро баргузор мекунанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин вохӯрии сиёсатмадорон, фаъолони ҷамъиятӣ ва ҷонибдорон бо номзади пешин ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов дар назар аст. Интизор меравад, дар ин вохӯрӣ ҳудуди 10 ҳазор одам иштирок кунад.

Ҳизби "Республика" аз шаҳрдории Бишкек дархост кардааст, ки амнияти иштирокдорон ва тартиботро таъмин кунад. Сиёсатмадори мухолифи қирғиз Бабанов, ки ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунад, гуфт, 13 апрел ба ватан бармегардад.

Омурбек Бабанов пас аз интихоботи президентии Қазоқистон дар соли 2017 кишварро тарк карда, гуфт, ки аз сиёсат канор рафтааст. Зидди ӯ ду парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Парвандаи аввал дар натиҷаи як суханрониаш дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Ӯш бар пояи банди "Ангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ" кушода шуд.

Парвандаи дувум бар пояи банди "Даъвати оммавӣ барои сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" боз гашт. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 10 декабри соли 2018 дар суҳбат бо телевизиони "Апрел" гуфт, парвандаҳои зидди Бабанов бояд қатъ карда шаванд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 19 декабри соли гузашта дар нишасти хабарии солонаи худ изҳор дошт, ки "ҳеч гуна гуфтугӯи дуҷониба ё сеҷонибае бо Омурбек Бабанов анҷом надодааст".

Вале Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон моҳи март гуфт, Бабанов пас аз баргашт ба ватан дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

XS
SM
MD
LG