Дар Ӯзбекистон як дояи таваллудхонаи ноҳияи Янгиюлро бо гумони фурӯши кӯдаки навзод бар ивази 100 доллари амрикоӣ, боздошт карданд.
Ба иттилои Додситонии кулли Ӯзбекистон, доя Р.Х. ба зане, ки 1 апрел духтар таваллуд карда буд, гуфтааст, ки кӯдакаш фавтид. Р. Х. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо кӯдакро ба номи зани дигар ба қайд гирифта, дар иваз 100 доллари амрикоӣ дарёфт кардааст.
Барои таҳқиқи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.