Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ғолиби Ҷоми "Роҳи абрешим-Ҳуа Шан" шуд


Дастаи мунтахаби наврасони зери 15-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми "Роҳи абрешим - Ҳуа Шан" (Silk Road - Hua Shan Cup-2019) дар Чин ғолиб гардид.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел дар шаҳри Вэйнани Чин доир шуд, бозиро бо дастаи мизбон - Чин – бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд.

Дар бозии дигари даври севуми ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахаби наврасони Қирғизистон бар тими Мянмар бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” дар шаҳри Вэйнани Чин бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони чаҳор кишвар – Қирғизистон, Мянмар, Тоҷикистон ва Чин – рӯзҳои 6-10-уми апрел баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи наврасони Қирғизистонро бо ҳисоби 8:0 ва дар бозии дувумаш тими Мянмарро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Чин ҳафтимтиёзӣ ба даст оварданд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввал ва Чин дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтанд. Қирғизистон бо се имтиёз севум шуд. Вале Мянмар бидуни имтиёз зинаи чаҳорумро ишғол кард.

Дар маросими ҷоизасупорӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” сарфароз гашт. Ба Сафармад Ғаффоров ҷоизаи беҳтарин дарвозабон, ба Абдулфаттоҳ Худойдодзода ҷоизаи беҳтарин ҳамлагар ва ба Муҳаммадворис Сайдалиев, ки чаҳор гол задааст, ҷоизаи беҳтарин нишонзан супурда шуд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15), ба Радиои Озодӣ гуфт, "ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин барои футболбозони навраси мо яке аз давраҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ҳисоб мерафт, ки моҳи сентябри имсол барпо мегардад".

Ба гуфтаи сармураббӣ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони зери 15-солаи Тоҷикистон 22 футболбоз дохил буд, ки ҳамаашон шогирдони Академияи футболи
Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15):

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Зафар Шарифов;

Ҳимоятгарон: Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Рамзиддин Нарзуллоев, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло;

Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Бежан Нишонбойзода, Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев, Абдулфаттоҳи Худойдодзода;

Ҳамлагарон: Муҷовид Шовайсуддинов, Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Муҳаммадворис Сайдалиев, Аминҷон Раҳмонов.

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Ҷоми “Роҳи абрешим Ҳуа Шан-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 8:0

Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев (3), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (3), Кабир Салимшоев, Раҳматшо Раҳматзода.

Чин – Мянмар – 5:0

Даври 2-юм

Мянмар – Тоҷикистон – 0:5

Голҳо: Хусрав Тоиров, Меҳрубони Абдурауф, Муҳаммадворис Сайдалиев, АбдулфаттоҳХудойдодзода, Муҷовид Шовайсуддинов.

ҚирғизистонЧин – 0:6

Даври 3-юм:

Қирғизистон Мянмар - 2:1
Чин – Тоҷ
икистон 0:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

2

1

0

13-0

7

2

Чин

3

2

1

0

11-0

7

3

Қирғизистон

3

1

0

2

2-15

3

4

Мянмар

3

0

0

3

1-12

0

XS
SM
MD
LG