Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Афғонистон: Дар юриши Толибон 20 сарбози афғон кушта шуд


Шаби 8 ба 9 апрел ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳҳои артиши Афғонистон дар наздикии марз бо Покистон ҳамла карда, 20 сарбозро ба қатл расониданд. Дар ин бора рӯзи 9 апрел Муҳаммадюнус Юнусӣ, як узви шӯрои Қандаҳор хабар дод. Дар ин ҳамла, ки дар ноҳияи Шӯробак рух додааст, ҳашт сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақоми дигари ҳукуматӣ ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро фош намекунад.

Сухангӯи Толион Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ иддао кард, ки ин ҳамла кори дасти онҳост ва ҷангҷӯён инчунин тавонистанд миқдори муайяни силоҳу муҳимотро ба даст оранд.

XS
SM
MD
LG