Президенти Русия Владимир Путин рӯзи сешанбе натиҷаҳои пажуҳиши додситони махсуси ИМА Роберт Мюллерро дар бораи дахолати эҳтимолии кишвараш ба интихоботи президентии Амрико шарҳ дод.
Путин ҳангоми суханронӣ дар як ҳамоиш дар Петербург гуфт, натиҷаҳои тафтишот пешакӣ муайян буданд. "Мо аз қабл мегуфтем, ки комисияи машҳури додситон Мюллер чизеро пайдо нахоҳад кард", - изҳор дошт ӯ.
Президенти Русия бори дигар гуфт, ки кишвараш дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дахолат накардааст ва бо президент Доналд Трамп низ созише надоштанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Амрико барои муборизаҳои дохилии сиёсӣ аз ин тафтишот истифода мекунанд.
Дар бораи ба поён расидани тафтишоти мазкур додситони кулли ИМА Уилям Барр 24 март хабар дод. Барр дар номаи худ ба Конгресс гуфт, ки қонуншиканӣ аз сӯи Трампро пайдо накарданд. Муфаттишон ду навъи дахолати Русия - паҳни хабарҳои дурӯғин ва ҳамлаи ҳакерӣ ба компютерҳои Ҳизби демократи ИМА-ро муайян карданд.
Гузориши Мюллер дар бораи натиҷаҳои тафтишоте, ки ҳудуди ду сол идома ёфт, 22 март ба Додситонии кулли ИМА супорида шуд. Он дар миёнаҳои моҳи апрел ба Конгресс пешниҳод мешавад.
Дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи ИМА зери раҳбарии додситони махсус Мюллер аввалҳои моҳи август оғоз шуд. Гуруҳи Мюллер дар аввал зидди 34 шахси воқеӣ ва ду шахси ҳуқуқӣ айб эълом карданд. 26 айбдоршаванда шаҳрванди Русия ва 6 тани дигар мушовирони пешини президенти ИМА буданд.