Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиш дар қароргоҳи телевизиони мустақили Беларус


Ходими интизомӣ дар даромадгоҳи БелсатТВ
Ходими интизомӣ дар даромадгоҳи БелсатТВ

Полиси Беларус қароргоҳи телевизиони маъруфи Belsat TV-ро тафтиш кард, ки ҳамчун намояндаи телевизиони Полша - Telewizja Polska ҳам амал мекунад. Анҷумани журналистони Беларус гуфт, ки тафтиши сохтмони телевизион рӯзи 9 апрел ҷараён гирифт ва дар ҷараёни таҳқиқот дохили утоқҳои корӣ ва худи муассиса санҷида шуд.

Анҷумани журналистон гуфт, ки санҷиш бо амри Кумитаи тафтишоти Беларус ва дар чаҳорчӯби як таҳқиқоти муқаддамотӣ баргузор шуд. Ҷузъиёти бештар дар даст нест.

Соли 2016 Додгоҳи олии Беларус телевизиони Полша - Telewizja Polska-ро аз ҳақи истифодаи исми Belsat TV маҳрум кард. Ин ном ба ҳангоми таҳияи барномаҳои телевизиониву интернетӣ ба забони беларусӣ ба кор бурда мешуд. Додгоҳ гуфт, ки ин ҳолат ҳуқуқи телевизиони маҳвораии Беларусро нақз мекунад, ки бо номи BELSATplus вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG