Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳузури додситони кулли ИМА дар Конгресс баъди таҳқиқи нақши Трампу Русия дар интихобот


Қарор аст рӯзи 9 апрел додситони кулли ИМА Уилям Барр ба саволҳои аъзои Конгресс посух диҳад. Ин нахустин суханронии бози Барр баъди гузориши вижаи таҳқиқотӣ дар бораи эҳтимоли мудохилаи Русия ба интихоботи соли 2016-и президентӣ дар ИМА хоҳад буд. Суханронии Барр дар ҳоле шунида мешавад, ки ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде марбут ба гузориши пурра нашрнашудаи Роберт Мюллер беҷавоб боқӣ мемонад. Барр рӯзи 24 март ба Конгресс як нома навишт, ки дар он хулосаҳои гузориши 400-саҳифагии Мюллер, аз ҷумла, дахолат накардани Русия ба маъракаии интихоботии се соли пеш навишта шудааст. Барр навишт, ки таҳқиқот ин иттиҳомро собит накард, ки аъзои тими Трамп гӯё дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Русия ба ҷараёни интихобот дахолат кардааст”.

XS
SM
MD
LG