Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 июн – замони интихоботи президентӣ дар Қазоқистон


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Рӯзи 9-уми июни имсол дар Қазоқистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президент, рӯзи 9-уми апрел дар муроҷиати телевизионӣ ба мардум хабар дод.

Ӯ "интихоботи озод ва мунсифона"-ро кафолат дод, аммо нагуфт, ки дар ин интихобот номзад хоҳад шуд, ё не.

Қосимҷомарт Тоқаев 20-уми марти имсол, як рӯз баъди он ки Нурсултон Назарбоев истеъфои худро эълон кард, иҷрокунандаи вазифаи президент дар Қазоқистон шуд. Назарбоеви 78-сола тақрибан 30 сол ҷилави қудрат дар ин кишвари ғанӣ аз нафтро дар даст дошт. Ӯ раиси якумрии Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раҳбари ҳизби ҳокими "Нур Отан" мемонад.

Тоқаеви 65-сола то замони президенти муваққатӣ шудан раиси Сенати Қазоқистон буд. Ӯ дар гузашта дар мақмҳои сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ низ кор кардааст.

Ҳоло Дариға Назарбоева, духтари 56-солаи Нурсултон Назарбоев, ба ҷойи ӯ раиси Сенат интихоб шуд.

Тафсилоти бештарро дар инҷо хонед:

Интригае, ки вуҷуд надошт: Оё Қазоқистон "Нурсултонат" мешавад?

XS
SM
MD
LG