Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чин


Дастаи мунтахаби наврасони зери 15-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим Ҳуа Шан” (Silk Road Hua Shan Cup-2019) дар Чин тими наврасони Мянмарро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ин бозӣ,ки рӯзи душанбеи 8-уми апрел дар шаҳри Вэйнани Чин доир гардид, голҳоро Хусрав Тоиров (дақиқаи 23-юм), Меҳрубони Абдурауф (дақиқаи 27-ум), Муҳаммадворис Сайдалиев (дақиқаи 53-юм, аз пеналтӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (дақиқаи 57-ум) ва Муҷовид Шовайсуддинов (дақиқаи 90-ум) ба самар расониданд.

Ин мусобиқа дар шаҳри Вэйнани Чин бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони чаҳор кишвар – Қирғизистон, Мянмар, Тоҷикистон ва Чин – рӯзи 10-уми апрел ба поён мерасад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 6-уми апрел дар аввалин бозиаш дар ин мусобиқаи байналмилалӣ тими наврасони Қирғизистонро бо ҳисоби 8:0 шикаст дода буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Чин, ки сеимтиёзӣ доранд, пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввал ва Чин дар ҷойгоҳи дувум қарор доранд. Вале дастаҳои Мянмар ва Қирғизистон имтиёз нагирифтаанд.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел доир мегардад, бо дастаи мизбон - мунтахаби Чин - бозӣ мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15)
22 футболбоз дохил аст, ки ҳамаашон шогирдони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15):

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Зафар Шарифов;

Ҳимоятгарон: Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Рамзиддин Нарзуллоев, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло;

Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Бежан Нишонбойзода, Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев, Абдулфаттоҳи Худойдодзода;

Ҳамлагарон: Муҷовид Шовайсуддинов, Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Муҳаммадворис Сайдалиев, Аминҷон Раҳмонов.

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Ҷоми “Роҳи абрешим Ҳуа Шан-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 8:0

Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев (3), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (3), Кабир Салимшоев, Раҳматшо Раҳматзода.

Чин – Мянмар – 5:0

Даври 2-юм

Мянмар – Тоҷикистон – 0:5

Голҳо: Хусрав Тоиров, Меҳрубони Абдурауф, Муҳаммадворис Сайдалиев, АбдулфаттоҳХудойдодзода, Муҷовид Шовайсуддинов.

ҚирғизистонЧин – 0:6

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

13-0

6

2

Чин

2

2

0

0

11-0

6

3

Мянмар

2

0

0

2

0-10

0

4

Қирғизистон

2

0

0

2

0-14

0

Даври 3-юм:

10 апрел (чоршанбе)

13:00. Қирғизистон – Мянмар
16:35. Чин – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Бояд гуфт, ки ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки моҳи сентябри имсол доир мегардад.

XS
SM
MD
LG