Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров ҲНИТ-ро монеи пешрафт номид, ҲНИТ инро рад кард


Акс аз ҷаласаи парлумон дар соли 2016
Акс аз ҷаласаи парлумон дар соли 2016

Раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, аз ҳизби дар Тоҷикистон манъшудаи Назҳати исломии Тоҷикистон ҳамчун “ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ном бурда гуфт, он “наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми” Тоҷикистон шудааст.

Ҷаноби Зуҳуров ҳамчунин бо руҷуъ ба ширкаткунандагони 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Довҳаи Қатар рӯзи 8 апрел гуфт: “Баъзе аз кишварҳои дўст бар хилофи ҳамгироиҳои байналмилалӣ ба ҷойи ҳамкории судманд бо миллату давлати Тоҷикистон аз ин гурўҳи ифротгаро пуштибонӣ менамоянд.”

Сухангӯи ҳизб Бобоҷон Қаюмов дар як вокуниши хаттиаш ба ин изҳорот аз тариқи Фейсбук ҳарфҳои Зуҳуровро "иттиҳоме" номид, ки "қобили қабул нест" ва як "баҳонае барои пӯшондани заъфу нотавонии ҳукумат" аст. Қаюмов гуфт: "Зуҳуров фаромуш кардааст, ки 20 сол ҲНИТ дар Тоҷикистон бар асоси қонун фаъолият дошт. На ҳукумат онро экстремистӣ медонисту на кишварҳои хориҷӣ". "Дуввуман ҲНИТ шомили ҳукумат набуд, ки монеи пешрафти он бошад".

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 расман ба фаъолият пардохт, дар соли 2015 мамнӯъ ва "террористӣ" эълон шуд. Мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи соли 2015 даст дорад, вале ин ҳизб иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG