Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Серебренников ва ҳамкоронаш аз ҳабси хонагӣ озод шуданд


акс аз 28 марти соли 2019
акс аз 28 марти соли 2019

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 8 апрел қарор кард, ки шароити нигаҳдории коргардон Кирилл Серебренников тағйир дода мешавад ва ӯву ҳамкоронаш метавонанд аз ҳабси хонагӣ озод шуда, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташон озод шаванд. Дар ин бора оҷонсии Интерфакс хабар дод. Ҳамроҳ бо Серебренников продюсер Юрий Итин и ва собиқ корманди вазорати фарҳанги Русия Софя Апфелбаум озод шуданд.

Бо қарори 2 апрели додгоҳи ноҳияи Мешанский, Серебренников, Итина ва Апфелбаум бояд то 4 июл дар боздошт мемонданд. Ҳарсе нафар гуфтанд, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят мекунанд. Имрӯз додгоҳ ин қарорро бекор кард.

Пештар бо шарти берун нарафтан аз макони зист собиқ продюсери кулли «Студияи ҳафтум» ва раиси собиқи «Гогол-сентр» Алексей Малобродский ҳам озод шуда буд.

Серебренников, Малобродский, Итин ва Апфелбаум дар ғорати 133 миллион рубли барномаи театрии «Платформа» айбдор мешаванд, ки ба солҳои 2011-2014 бармегардад. Ҳамаи онҳо иттиҳомотро рад карда, парвандаи ҷиноиро тақаллубӣ меноманд.

Ходимони фарҳангу ҳунар дар Русия бо интиқод аз ҳукумати Путин ба озод шудани Серебренникову ҳамкоронаш даъват кардаанд. Мурофиаи додгоҳии Серебренников октябри порсол шурӯъ шуд, вале худи онҳо аз соли 2017 ба ин сӯ дар ҳабс буданд.

XS
SM
MD
LG