Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар гузаргоҳҳои марзии Қирғизистону Қазоқистон муътадил шуд


Ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки вазъ дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон дубора беҳтар шуда, гузаргоҳҳои гумрукӣ дар ҳолати муқаррарӣ кор мекунанд.

Дар изҳороти ҳукумат омадааст, ки ҷониби Қазоқистон қабули мошинҳои борбари ҳомили маҳсули ниёзи аввали мардумро мисли гузашта оғоз кард. Интизор меравад, рӯзҳои наздик мушкили навбатпоӣ низ ҳал шавад.

Бо дастури сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев як ҳайат бо раҳбарии раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Алмос Онолбеков ба Қазоқистон фиристода шудааст.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон 3 апрел мақомоти Қазоқистонро дар вайрон кардани созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё айбдор кард.

Дар гузаргоҳи марзии "Оқтилек - Автодорожний"-и Қирғизистон бо Қазоқистон беш аз 200 мошини борбар ҷамъ шуда, тафтиши марзӣ аз 19 март ба ин тараф пурзур гашта буд.

XS
SM
MD
LG