Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни сел дар Эрон ба ҳафтод нафар расид


Мақомоти Эрон ба сокинони чанд деҳаву шаҳрак, ки бо хатари омадани сел рӯбарӯ ҳастанд, дастур додааст, то маҳалли зисти худро тарк кунанд.

Ин дар ҳолест, ки талафоти ҷонӣ дар натиҷаи омадани сел дар он кишвар ба ҳафтод нафар расидааст. Дар натиҷаи боронҳои шадид, ки аз 19-уми марти имсол ба ин тараф идома дорад, дар деҳаву шаҳракҳои 26 вилояти он кишвар сел омадааст.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 6-уми апрел хабар дод, ки то ҳол шаш гурӯҳ аз вилояти Хузистон ба минтақаҳои амн кӯчонда шудаанд. Бино ба гузориши телевизион аҳолии ҳафт русто дар Хузистон ба хатари лағзиши замин рӯбарӯянд.

Раиси идораи хадамоти изтирорӣ ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, дар натиҷаи омадани сел ба камияш 70 нафар ҷон бохтанд. Ӯ афзудааст, 800 нафари дигар маҷруҳ шуданд ва 45 тани онҳо дар шифохона бистарӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG