Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки ба таркибаш бозигарони зери 15-сола дохиланд, бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) ширкат хоҳад кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқа аз 6-ум то 10-уми апрел дар шаҳри Вэйнани Чин доир мегардад. Дар он дастаҳои мунтахаби наврасони чор кишвар – Қирғизистон, Мянмар, Тоҷикистон ва Чин – иштирок мекунанд. Мусобиқа аз як давра иборат аст.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15)
22 футболбоз дохил шудааст, ки ҳамаашон шогирдони Академияи футболи ФФТ мебошанд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) нахустин бозиашро 6-уми апрел муқобили ҳамсолони худ аз Қирғизистон анҷом медиҳад. Футболбозони навраси тоҷик дар даври дувум 8-уми апрел бо мунтахаби Мянмар ва дар даври севум 10-уми апрел бо мунтахаби Чин бозӣ мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15):
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Зафар Шарифов;
Ҳимоятгарон: Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Рамзиддин Нарзуллоев, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло;
Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Бежан Нишонбойзода, Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев, Абдулфаттоҳи Худойдодзода;
Ҳамлагарон: Муҷовид Шовайсуддинов, Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Муҳаммадворис Саидалиев, Аминҷон Раҳмонов.
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан-2019” миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)
Даври 1-ум
6 апрел (шанбе)
13:00. Тоҷикистон – Қирғизистон
16:35. Чин – Мянмар
Даври 2-юм
8 апрел (душанбе)
13:00. Мянмар – Тоҷикистон
16:35. Қирғизистон – Чин
Даври 3-юм
10 апрел (чоршанбе)
13:00. Қирғизистон – Мянмар
16:35. Чин – Тоҷикистон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.