Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон ба тафтиши ҷиноии президенти пешин иҷозат дод


Порлумони Қирғизистон 4 апрел дар қироати севум лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки механизми ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои пешинро пешбинӣ мекунад.

Муаллифони лоиҳа вакилон Исҳоқ Масалиев ва Курманқул Зулушев пешниҳод карданд, ки меъёри дахлнопазирии президентҳои пешин аз қонуни кафолати фаъолиятҳои президенти ин кишвар ҳазф карда шавад.

Вале порлумони Қирғизистон дар қироати дувум ба хулосае расид, ки ба ҷои ҳазфи меъёри мазкур механизми ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои пешинро илова кунад. Аз ҷумла, дар сурати имзо шудани қонун аз сӯи президент, президенти пешин дар асоси айбномаи порлумон метавонад ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Додситонии кул низ бояд нишонаҳои ҷиноятро дар кирдори ӯ тасдиқ кунад.

Бар асоси банди 11-и лоиҳаи қонун, президенти пешин набояд дар вазифаҳои сиёсӣ ё махсуси давлатӣ кор кунад. Ҳамчунин қонун ба президенти пешин кор дар вазифаҳои сиёсии раҳбарии бахшҳои ҳизб ва иштирок дар фаъолияти сиёсии ҳизбро манъ мекунад. Дар сурати риоя нашудани ин талабот президенти пешин бо дархости додситонӣ аз ҳама гуна кафолат маҳрум ва таъмини моддии ӯ аз сӯи буҷа қатъ хоҳад шуд.

Палатаи конститутсионии Қирғизистон ибтидои моҳи октябри соли 2018 банди 12-и қонуни кафолати фаъолиятҳои президент дар бораи дахлнопазирии президентҳои пешинро ғайриконститутсионӣ номид.

Дар Қирғизистон унвони президенти пешинро танҳо Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев доранд. Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев пас аз инқилобҳо аз ин мақом маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG