Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Георгий Данелия - коргардони “Мимино” даргузашт


Акс аз соли 1978
Акс аз соли 1978

Нашрияи «Новая газета» бо такя ба хонаводаи коргардон хабар дод, ки рӯзи 4 апрел дар синни 88-солагӣ режиссери маъруфи синамои шӯравӣ ва русӣ Георгий Данелия даргузашт. Данелия аз илтиҳоби шуш ранҷ мекашид ва аз охири моҳи феврал бо қарори табибон дар кома ё беҳушии сунъӣ қарор дошт.

Данелияи гурҷиасл аз муаллифони силсилаи филмҳои беҳтарини замони шӯравӣ, назири «Дар Маскав сайругашт мекунам» ("Я шагаю по Москве"), "Афоня", "Мимино", «Дави тирамоҳӣ» ("Осенний марафон") ва дигарҳо мебошад. Бахши русии Радиои Озодӣ менависад, ки барои филми «Дар Маскав сайругашт мекунам» ҷоизаи вижаи ҳакамони ҷашнвораи синамои Канн ва барои «Дави тирамоҳӣ» - мукофоти анҷумани байналмилаии мунаққидони синамои ҷашнвораи Венетсия ва Сан-Себастянро бурдааст.

Филмҳои Георгий Данелия дар миёни тамошобини тоҷик ҳам аз маъруфияти зиёд бархурдор аст.

XS
SM
MD
LG