Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон аз Тереза Мей тамдиди мӯҳлати Брекзитро мехоҳад


Дар як овоздиҳӣ қонунгузорони бритониёӣ ҷонибдори он шуданд, ки нахуствазир Тереза Мейро маҷбур кунанд дар музокирот бо Иттиҳодияи Аврупо хостори тамдиди мӯҳлати Брекзит шавад, то ки Бритониё дар ҳолати “тарки ИА бидуни созишнома” дар таърихи 12 апрел дар ҳолати бебандуборӣ қарор нагирад. Барои тасвиби ин санад ва касби қонунии он ризоияти палатаи болоии порлумон лозим аст. Маҷлиси лордҳо, палатаи болоии парлумони Бритониё қарор аст рӯзи 4 апрел бо тарҳи ин қонун шинос шуда назари худро баён кунад. Барои қабул шудани тарҳи қонун дар овоздиҳии рӯзи 3 апрел 313 нафар раъйи мусбат ва 312 нафар раъйи манфӣ доданд. Тарҳи қонун ҳамчунин ба парлумон ҳақ медиҳад, ки мӯҳлати берун рафтани кишвар аз Иттиҳодияи Аврупоро тамдид кунад. Рӯзи 3 апрел Тереза Мей ва раҳбари ҳизби кор Ҷеремӣ Корбин ин мавзӯъро дар як баррасии бисёр тунде матраҳ карданд.

XS
SM
MD
LG