Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров ба Қатар меравад


Қарор аст 5-уми апрел Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раъси як ҳайати порлумонӣ бо сафари расмӣ озими Қатар шавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин сафар бо даъвати Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипорлумонӣ ва раиси порлумони Қатар аз таърихи 5 то 10 апрели соли ҷорӣ сурат мегирад. Дар назар аст, ки раиси порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипорлумонӣ ширкат карда, ҳамчунин бо мақомоти ин кишвар мулоқот кунад. Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, ин аввалин сафари расмии раиси порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG