Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев сафари нахустини хориҷиашро аз Русия оғоз мекунад


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев ба ҳайси раиси ҷумҳури муваққати Қазоқистон сафари нахустини хориҷиашро рӯзи 3-юми апрел аз Русия оғоз мекунад. Дар доираи сафари Тоқаев имзои чанд санад дар назар аст.

Дастгоҳи президенти Қазоқистон ҷузъиёти ин сафарро ошкор накард. Рӯзи 28-уми март мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар ин сафар масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва масъалаҳои дигари минтақаиву ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Кремл хабар дод, ки дар ин сафар "мавзуъҳои калидии муносибатҳои дуҷониба, ояндаи ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди Авруосиё ва чанде аз масоили муҳими минтақа" баррасӣ мешавад.

Тоқаеви 65-сола, раиси пешини сенати Қазоқистон, рӯзи 20-уми марти имсол ба ҳайси президенти муваққат таъйин шуд. Як рӯз пеш аз он Нурсултон Назарбоев баъди қариб 30 соли роҳбарӣ эълон кард, ки истеъфо медиҳад. Дар рӯзи 20-уми март Дариға Назарбоева, духтари Назарбоев ба курсии холишудаи Тоқаев дар порлумон нишаст.

Дар остонаи сафари Тоқаев ба Русия матбуоти рус мусоҳибаи ӯро нашр карданд. Тоқаев гуфт, ҷараёни тағйири роҳбари давлат дар доираи қонун амалӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG