Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мудофеъ ҷои нигаҳдории Гулнора Каримоваро ошкор кард


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Грегуар Манжа, вакили мудофеъ, хабар дод, ки Гулнора Каримова – духтари калонии Ислом Каримов – раиси ҷумҳури пешини Узбекистон дар зиндони занонаи Зангиота нигоҳдорӣ мешавад.

Ӯ, ки аз ҳаққи Каримова ҳимоят мекунад, рӯзи якуми апрел дар Твиттер навишт, “кӯшиш дорам, ҳаққи мулоқот бо нафари таҳти ҳимоятам дар шароит муносибро ба даст орам.” Манжа рӯзи дувуми апрел дар Твиттер акси зиндони Зингиотаро бо ҳештеги #Каримова гузошта ва навишт, “Рӯзи дувум.”

Аммо вакили мудофеъ Грегуар Манжа дар бораи мулоқот бо зерҳимояаш чизе нагуфтааст.

Дар оғози моҳи марти имсол Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки Гулнора Каримова ба далели вайрон кардани шароити ҳабси хонагӣ ба маҳбас интиқол дода шудааст. Ба иттилои додситонӣ, Каримова вазифадор буд, ки манзилашро тарк накунад, аз Интернет истифода набарад ва ҷуброн пардозад. Аммо ӯ дар ҳабси хонагӣ ба таври мунтазам ин қоидаҳоро вайрон кардааст.

Каримова соли 2017 бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳви ҳуҷҷатҳои марбут ба ширкатҳои офшорӣ 10 сол зиндонӣ шуд. Аммо соле баъд додгоҳи вилоятии Тошканд ҳукми зиндони ӯро 5 сол кам кард.

XS
SM
MD
LG