Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромади Месси миёни футболбозони ҷаҳон аз ҳама баланд аст


Даромади солонаи ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва «Барселона»-и Испания Лионел Месси дар байни ҳамаи футболбозони ҷаҳон аз ҳама баланд дониста шудааст. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Рейтинг тамоми даромади футболбозон - маош, ҳамагуна мукофотпулӣ, қарордодҳои рекламавӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Дар мавсими ҷорӣ даромади умумии Месси 130 млн евроро ташкил медиҳад.

Мақоми дувумро ҳамлагари «Ювентус»-и Италия ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду бо 113 млн. евро касб намудааст. Ҳамлагари ПСЖ-и Фаронса Неймари бразилиягӣ дар ҷойгоҳи севум аст - 91,5 миллион евро. Антуан Гризманн, футболбози «Атлетико»-и Испания ва мунтахаби Фаронса, ки 44 млн евро мегирад, дар мақоми чаҳорум ва Гарет Бэйл, ҳамлагари «Реал»-и Испания (40,2 млн евро) дар мақоми панҷум қарор доранд.

Месси дар ҳайати «Барселона» аз соли 2004 бозӣ мекунад. Ҳамлагари 31-сола қаҳрамони нӯҳкаратаи Испания, барандаи ҳашткаратаи Суперҷоми Испания, барандаи шашкаратаи Ҷоми Испания, ғолиби чоркаратаи Лигаи қаҳрамонҳо, барандаи секаратаи Суперҷоми УЕФА ва ғолиби секаратаи мусобиқоти бошгоҳии қаҳрамонии ҷаҳон мебошад. Месси аз рӯи натиҷагирии сол панҷ бор беҳтарин бозигари ҷаҳон эълон шудааст.

Дар мавсими ҷорӣ Месси дар 27 бозии мусобиқоти қаҳрамонии Испания ширкат карда, 31 гол задааст. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Барселона» бо 69 имтиёз аз 29 бозӣ дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG