Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: Дигар ҳеҷ созише дар заминаи Брекзит намешавад


Раиси ҳайати музокиротии Иттиҳодияи Аврупо оид ба Брекзит гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб Бритониё ҳафтаи оянда бидуни ҳеҷ мувофиқа ё созишномае аз ин созмон хориҷ мешавад. Майкл Барниер рӯзи 2 апрел дар Брюссел гуфт, ки рӯз то рӯз Бритониё бо шароити сахттарини Брекзит рӯбарӯ мешавад. Барниер як рӯз баъди аз ҷониби парлумон рад шудани тарҳи алтернативии Брекзит сӯҳбат мекард, ки соли 2018 аз ҷониби нахуствазир Тереза Мей ва Иттиҳодияи Аврупо имзо шуда буд.

Қарор аст 2 апрел Мей ба хотири пайдо кардани роҳҳали бурунрафт аз бӯҳрони Брекзит бо аъзои ҳукуматаш як ҷаласаи васеъ барпо кунад. Қарор аст дар 10 рӯзи оянда Бритониё Иттиҳодияи Аврупоро тарк кунад.

Қонунгузорони Бритониё аллакай созиши миёни Лондону Брюсселро рад кардаанд. Барниер гуфт:

«Мо аллакай созишнома дорем. Он аз тарафи Тереза May ва ҳукумати Бритониё, Шўрои Аврупо ва Парлумони Аврупо 25 ноябри соли гузашта - чор моҳ пеш баста шудааст».

Барниер гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо дигар созиши қабулшуда дар соли гузаштаро бозбинӣ намекунад. Ӯ гуфт, ки Бритониё ҳоло ду роҳ дорад, ки яке хуруҷи бидуни созиш ваё тамдиди мӯҳлати бурунрафт аз созмон мебошад.

XS
SM
MD
LG