Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қирғизистон хабарнигори "Клооп"-ро бозпурсӣ карданд


Анна Капушенко, хабарнигори сомонаи "Клооп" дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бозпурсӣ шуд. Дар ин бора сармуҳаррири сомонаи "Клооп" Элдиёр Арикбоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар бинои КДАМ Капушенок бештар аз 8 соат нигаҳ дошта шуд. "То ҷое мо медонем, ҳеч гуна айбномае нисбати вай эълон нашудааст, ӯро ҳамчун шоҳид бозпурсӣ кардаанд. Аз ҷузъиёти дигар мо огоҳ нестем", - гуфт Арикбоев.

Вай ҳамчунин гуфт, ки бозпурсии Капушенко ба фаъолиятҳои рӯзноманигориаш рабт надорад. Вай узви комисияи ҷамъиятие аст, ки шикояти ширкатдорони тендерҳоро месанҷад. Хулосаҳои комисияи мазкур тавсиявӣ ҳастанд.

"Клооп" ҳамчунин хабар дод, ки 1 апрел манзили Анна Капушенко кофтукоб шудааст. "Ин ҳодиса тақрибан соати 8 субҳ рух дод", - хабар дод "Клооп".

XS
SM
MD
LG