Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори пешини пулис дар боздоштгоҳ ба ҷонаш сӯиқасд кардааст


Шоҳрух Муҳиддинзода, собиқ сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноиии ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо ҷурми қоҷоқи маводи мухаддир соли гузашта 14,5 сол зиндон шуда буд, дар боздоштгоҳи Кӯлоб сӯиқасд ба ҷони худ кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, майори собиқ рӯзи 17-уми март дар боздоштгоҳ бо алмоси риштарошӣ (лезва) шиками худро буррид, вале пизишкон ӯро наҷот доданд.

Тафсилоти ин ҳодиса рӯзи 1-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд. Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳиддинзода бо нишони эътироз аз боз шудани парвандаи навбатӣ нисбаташ ба ҷони худ қасд кард.

Шоҳрух Муҳиддинзода ба он муттаҳам мешавад, ки аз як нафар барои озод шудани бародараш, ки бо иттиҳоми дуздӣ дар боздоштгоҳ қарор дошт, 3 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Шоҳрух Муҳиддинзодаро ба қаллобӣ дар замони кораш, айбдор мекунад. Ин парванда замоне боз шуд, ки аллакай ӯ бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар зиндон давраи ҷазояшро сипарӣ мекард.

"Соли гузашта вақте нисбаташ парвандаи нав боз шуд, ӯро аз зиндон ба боздоштгоҳи Кӯлоб оварданд ва парвандаашро тафтиш мекарданд. Борҳо аз бозбинии одилонаи парвандааш шикоят карда буд. Сабаби қасд ба ҷони худ карданаш эътироз ба тафтиши нодурусти парвандааш буд",-гуфт ин манбаи огоҳ аз қазия.

Феълан вазъи сиҳатиашро хуб арзёбӣ мекунанд, вале мақомот мегӯянд, эҳтимол барои ин амал низ нисбаташ парванда боз шавад. Рӯзи 1-уми апрел дар додситонии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ хабари сӯиқасди худкушии Муҳиддинзодаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҷузъиётро пас аз анҷоми тафтиш шарҳ медиҳанд.

Тасдиқи хабари даст ба худкушӣ задани Шоҳрух Муҳиддинзода дар ҳолест, ки ӯ дар як нома дар моҳи январ, ки нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ низ расида буд, парвандаи навбатӣ нисбаташро "ғайриқонунӣ" ва "ғаразнок", унвон карда буд.

Дар ин нома навишта буд, ки кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз замони кораш дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ нисбат ба ӯ ғараз доштанд, чун боре ӯ ба ворид шудани кормандони ин ниҳод ба бинои ШКД бо силоҳ муқобилият нишон дода буд.

Ба навиштаи ӯ, як корманди Оҷонсӣ бо истифода аз мақомаш мехост вориди бино шавад ва як боздоштшуда, ки ба ин корманд риштаи хешу табори дошт, озод намояд. Ӯ нисбат ба ҳукми қаблиаш изҳори назар накардааст, ки воқеан дар қочоқи маводи мухаддир даст дошт ё на.

Низомуддин Ёқубов, вакили дифои Шоҳрух Муҳиддинзода дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари худро захмӣ кардани зерҳимояааш ба ӯ расидааст, вале ҳанӯз бо худаш дар боздоштгоҳ сӯҳбат накардааст.

Ба гуфтаи Ёқубов, Шоҳрух Муҳиддинзода барои боз шудани парвандаи дуюм шадидан эътироз дошт. Бо дарназардошти норозигии ӯ, додгоҳ парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонида буд.

"Шунидам, ки худро задааст, аммо рости ҳоло бо ӯ вонахӯрдам. Суд низ парвандаи ӯро дубора барои тафтиш фиристод ва ҳоло тафтишаш идома дошт",-гуфт мусоҳиби мо.

Зимнан, парвандаи ҷиноятии Шоҳрух Муҳиддинзода, бо моддаи 32- 247 қисми 4, яъне қасди қаллобӣ дар ҳаҷми калон парванда боз шудааст ва он аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсия минтақаи Кӯлоб тафтиш мешавад.

Ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз як нафар барои озод шудани бародараш, ки бо иттиҳоми дуздӣ дар боздоштгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии Ҳамадонӣ қарор дошт, 3 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Дар сурати исботи ин иттҳом, ба ӯ аз 8 то 12 соли дигар дар болои 14,6 моҳаш изофа мешавад. Шоҳрух Муҳиддинзода, 35 сол дошта, дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ кор кардаааст.

Дар гузашта ҳолатҳои шиканҷа шудани боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳҳои пулис расонаӣ шуда буд. Вале ҳоло дар як ҳодисаи нодир, и мақомдори пешини пулис бинобар ба гуфтаи ӯ, "ноадолатӣ" дар нисбаташ, қасд ба ҷони худ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG