Сокинони маҳаллаи Голчук дар шимоли ғарби Туркия шояд ҳайрон шаванд, ки чаро Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои раиси маҳаллаи онҳо шудан вориди рақобати интихоботӣ шудааст. Туркия рӯзи 31-уми март интихоботи мақомот ва маҷлисҳои маҳаллиро дорад ва дар Голчук ҷавоне бо айни ном Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои раиси маҳалла шудан мубориза мебарад.
Номи ӯ Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст, аммо баръакси ҳамномаш, раиси ҷумҳури Туркия ин ҷавони 20-сола нав ба сиёсат по гузоштааст. Довталаби курсӣ ба мақоми раиси маҳалла аст. Барои номаш гоҳе эҳтиром мебинад ва гоҳе дашном мешунавад.
“Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, албатта, танқид ҳаст, вале назарҳои мусбатро низ мебинам. Маро гоҳе раис ва гоҳо номдузд меноманд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳоло ӯ раиси ноҳия мешавад. Ҳамингуна гапҳо”, - гуфт ӯ.
Падари номзади ҷавон ӯро барои муҳаббаташ ба раҳбари Туркия, ки раиси шаҳри Истанбул буд, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ном гузоштааст.
Ҳамроҳ бо ном ба писараш ҷоҳталабии сиёсӣ ҳам ато кардааст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳоло барои мақоми “мухтор” ва ё раиси маҳаллаи Голчук дар шимоли ғарби Туркия мубориза мебарад.
Анвар Шамсӣ, фурӯшанди либос гуфт, “ӯ набояд ба хотири номаш шуда монеи пешрафти худаш шавад. Ҳар каси дигари оддӣ, Ҳасан, Аҳмад, Маҳмад сари номаш шубҳа накунад ва барои муваффақият кӯшиш намояд.”
“Раҷаб Таййиб Эрдуғон яке аз раҳбарони бузурги замона аст. Иншоаллоҳ дӯсти мо роҳи ӯро пеш мегирад”, - Фикрат Озкан, тоҷири оина.
Ва як нафаре, ки Раҷаб Таййиб метавонад ба ӯ такя намояд, бародар ва мушовираш Талҳа аст. Талҳа Эрдуғон мегӯяд, “ман ба ӯ гуфтам, агар ба худ бовар дошта бошӣ, ҳама корро метавонӣ. Ман ҳамеша дар бараш ҳастам, ҳасад намебарам. Мо ҳарду як маром ҳастем. Ман баъзан ӯро сарзаниш мекунам ва мегӯям, Мухтор ин корро накун, инро нахӯр, ину он корро кун. Ӯ ҳамеша ман ва машваратҳоямро гӯш мекунад.”
Интихоботи маҷлисҳои маҳаллии Туркия рӯзи 31-уми март сурат мегирад. Рӯзе, ки мумкин аст, ин Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ҳам шинохта кунад.