Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев тоқа аст. Зиндагиномаи президенти нави Қазоқистон нашр шуд


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Вебсайти дастгоҳи иҷроияи президенти Қазоқистон зиндагиномаи раиси ҷумҳури муваққати ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаевро нашр кард.

Дар матни зиндагиномаи Тоқаев 14 марҳилаи фаъолият ва иттилоъ дар бораи вазъи хонаводагии ӯ нашр шудааст. Сомона менависад, ақди никоҳи Тоқаев бекор шудааст, аммо санаи бекоршавии никоҳ маълум нест.

"Ҳаводори тарзи солими ҳаёт аст. Мутолиаи адабиёти бадеӣ, сиёсӣ ва ёдномаҳоро меписандад. Муҷаррад аст", - навишта шудааст дар зиндагиномаи ӯ. Тоқаев писаре дорад бо ному насаби Тимур Тоқаев. Ном ва насаби ҳамсари пешини президенти муваққат зикр нашудааст.

Ҳангоми ба ҳайси президент савганд ёд кардани Тоқаев расонаҳо навиштанд, ки бино ба иттилои расмӣ, ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд аст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ҳамсари Тоқаев "шаҳрванди Русия Надежда Давидовна Тоқаева" аст.

Тоқаеви 65-сола, сарвазири пешин ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ президенти муваққати кишвараш таъйин шуд. Нурсултон Назарбоев, президенти ҳамакнун пешини Қазоқистон рӯзи 19-уми март эълон кард, ки аз мансаб канор меравад.

XS
SM
MD
LG