Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни муҷозот барои нашри ахбори "дурӯғ" ва беҳурматӣ ба ҳукумати Русия ба иҷро даромад


Намоиши эътирозӣ ба тарафдорӣ аз интернети озод
Намоиши эътирозӣ ба тарафдорӣ аз интернети озод

Сар аз имрӯз дар Русия қонун дар бораи масъулияти паҳнсозии ахбори "дурӯғ" ва таҳқири ҳукумату рамзҳои давлатӣ дар Интернет ба иҷро даромад.

Санади аввал нашри иттилои ғайримуътамадеро дар Интернет манъ мекунад, ки ба "ҳаёт, саломатӣ ва дороии шаҳрвандон, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ хатар дорад ё зарар мерасонад".

Барои бори аввал нақз кардани қонун шаҳрвандон то 100 ҳазор, мансабдорон то 200 ҳазор ва шахсони ҳуқуқӣ то ним миллион рубл ҷарима хоҳанд шуд. Дар сурати такрорӣ ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ то якуним миллион рубл афзоиш меёбад.

Қонун барои таҳқири мақомот ва рамзҳои давлатӣ дар Интернет ҷарима дар ҳаҷми то 100 ҳазор рубл ё то 15 шабонарӯз ҳабсро пешбинӣ мекунад. Дар сурати такрор шудани чунин амал ҷарима то 200 ҳазор рубл меафзояд.

Лоиҳаи қонунҳои мазкурро ба Думаи давлатии Русия раҳбари Кумитаи қонунгузории Шӯрои Федератсия Андрей Клишас ва вакилон Дмитрий Вяткину Людмила Бокова пешниҳод карда буданд. Думаи давлатӣ онҳоро 7 март ва сипас Шӯрои Федератсия ба тасвиб расонда буд.

Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ аз порлумони ин кишвар даъват карда буданд, ки лоиҳаи қонунҳоро рад кунад.

XS
SM
MD
LG