Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суперҷоми Тоҷикистон-2019 аз кӣ мешавад -"Истиқлол" ё "Хуҷанд"?


Имрӯз, 29-уми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон-2019 баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.

Дар бозӣ барои Ҷоми олӣ, ки имсол барои бори даҳум доир мегардад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, мубориза мебаранд.

Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори даҳум барпо мегардад. Аввалин бозӣ барои Ҷоми олӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд.

Дар арафаи бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2019 миёни «Истиқлол» ва «Хуҷанд» рӯзи панҷшанбеи 28-уми март дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» нишасти хабарӣ доир гардид.

Дар ин нишаст Ҳаким Фузайлов, сармураббии «Истиқлол», гуфт, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон ин бозии ҳайсиятӣ, оғози мавсими бузурги футбол ва озмоиши хуб пеш аз шуруъи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мебошад. “Омодагии мо ба ин бозӣ ба таври ҷиддӣ ҷараён дорад. Дастаи мо дар ҳамин ҳол ба мавсим омода аст, ҳеҷгуна масоили ҳалталабро эҳсос намекунем. Ба назари ман то имрӯз ҳарду даста дар вазъияти баробар қарор доранд”, - иброз дошт Ҳаким Фузайлов.

Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани «Истиқлол»,гуфт, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон барояшон хеле муҳим аст. Ӯ афзуд, “ҳарифамон,ки ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК роҳ пайдо кард, хеле ҷиддӣ аст. Дар бозиҳои плей-офф мо ба «Хуҷанд» мухлисӣ кардем. Фикр мекунам, ки мухлисонро бозии шавқовар интизор аст. Мо кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем ва мухлисонро хурсанд намоем.”

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии “Хуҷанд”, изҳор дошт, ки дастааш дар дафъаи сеюм мекӯшад ин ҷоизаи ҳайсиятиро соҳиб шавад. “Омодагӣ ба ин бозӣ хуб гузашт. Мо ба бозӣ ба таври ҷиддӣ омодагӣ дидем. Ин севумин кӯшиши мо барои ғолиб шудан дар Суперҷом мебошад. Мутаассифона, ду бозии пешинро солҳои 2016 ва 2018 мо ба «Истиқлол» бохта будем. Мо қувваи ҳарифро медонем, онҳо бозигарони пурқувватро ба даста шомил кардаанд. Вале, ба ин нигоҳ накарда, мо кӯшиш мекунем бозии хуб нишон бидиҳем ва мухлисонамонро хушҳол намуда, билохира мукофоти олиро ба даст биёрем”, - гуфт Нуъмонҷон Юсупов.

Инчунин Дилшод Восиев, ҳамлагари «Хуҷанд», ба хабарнигорон гуфт, ба мубориза муқобили “Истиқлол”, ки дастаи пурқувват аст, омодаанд. “Ман дар дастаи “Истиқлол” бозӣ кардаам, ҳамаи бачаҳоро, ки бо онҳо солҳои дароз бозӣ кардаам, хеле хуб медонам. Мо мехоҳем нишон бидиҳем, ки “Хуҷанд” низ ба мисли “Истиқлол” омодааст дар Ҷоми АФК бозӣ кунад, то ин ки парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад. Бозӣ барои Суперҷом нишон медиҳад,ки кадом даста пурзӯртар аст”, - изҳор дошт Дилшод Восиев.

Сардовари бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2019 довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) таъйин шудааст. Агар замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, онгоҳ ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ таъйин мегардад. Агар дар ин маврид ҳам ғолиб маълум нашавад, бар асоси дастури FIFA ғолибро силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ муайян хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори даҳум барпо мегардад. Аввалин бозӣ барои Ҷоми олӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Суперҷом дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015), Турсунзода (2016) ва Ҳисор (2017, 2018) мубориза бурданд.

Ҳамагӣ се даста Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. «Истиқлол» ҳафт бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 ва 2018) Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ дар Ҷоми олӣ баранда шудаанд.

Соли гузашта дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом, ки 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд, бар тими «Хуҷанд», барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017, бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ – 2:2) ғолиб омад.

Суперҷоми Тоҷикистон - 2019

29-уми март (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 19:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Кӯмакдоварон: Ҳасан Каримов (Норак), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2018):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015«Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – ?

XS
SM
MD
LG