Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Бритониё ҳашт роҳи хуруҷ аз Аврупоро рад кард


Порлумони Бритониё ҳеч кадом аз ҳашт роҳи хориҷшавии ин кишварро аз узвияти Иттиҳоди Аврупо қабул накард.

Вакилони порлумон баъди он чунин раъйдиҳиро рӯи даст гирифтанд, ки ду маротиба пешниҳодҳои ҳукумати сарвазир Тереза Мэй дар робита ба баромадан аз Иттиҳоди Аврупо қабул нагардид.

Пешниҳоди боқӣ мондан дар иттиҳоди гумрукӣ бо Иттиҳоди Аврупо, баъди бурунрафт аз ин созмон, раъйи бештар овард. Аммо ин пешниҳод ҳам раъйи аксарияти вакилонро соҳиб нашуд.

Ба ҷонибдорӣ аз раъйпурсии такрорӣ 268 вакил, аммо зидди он бештар -- 295 тан овоз доданд. Хуруҷи бе қайду шартро аз узвияти созмон танҳо 160 вакил пуштибонӣ карданд.

Ба ин тартиб, порлумон натавонист, ҳукумати Тереза Мэйро водор ба тағйири стратегия кунад. Сарвазир рӯзи чаҳоршанбе гуфт, баъди қабули нақшаи вай дар робита ба хуруҷшавӣ аз Иттиҳод ба истеъфо меравад.

Порлумони Бритониё ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе санаи хуруҷ аз созмонро аз 29 март ба 12 апрел кӯчонид. Аммо то 12 апрел Лондон бояд нақшаи раҳоӣ аз бунбастро ба созмон пешниҳод намояд, дар ҳоле ки чунин нақша ҳанӯз мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG