Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо истифодаи зарфҳои пластикиро манъ кард


Порлумони Аврупо лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он сар аз соли 2021 дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти пластикии якдафъаина манъ мешавад. Дар ин бора рӯзи 27 март сомонаи порумони Аврупо хабар дод.

Ба иттилои Комиссияи Аврупо, 85 дарсади партови уқёнусҳо аз маводи пластик иборат аст. Нисфе аз ин маҳсулоти пластик барои истифодаи якдафъаина сохта шудаанд.

Бино бар қонуни қабулшуда, то соли 2029 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд ҷамъоварии 90 дарсадии зарфҳои пластикӣ барои коркарди дубора таъмин шавад. Ба ҷуз ин, бар асоси қонун, усуле бо номи "зиёнкор пардохт мекунад" тақвият дода мешавад. Ҳамакнун барои гум кардани шасту турҳои моҳигирӣ на моҳигирон, балки истеҳсолгарони шасту турҳо ҷарима хоҳанд шуд.

Фаронса нахустин кишварест, ки ҳанӯз дар соли 2016 зарфҳои пластикиро манъ карда буд. Баҳори соли гузашта Комиссияи Аврупо манъи истифодаи зарфҳои пластикиро пешниҳод кард.

Ба иттилои мутаххасисон, дар соли 2012 ҳаҷми партови пластикӣ дар уқёнусҳо тақрибан 165 миллион тонаро ташкил медод. Дар соли 2014 ба 268 ҳазору 940 тона расид.

XS
SM
MD
LG