Додгоҳи минтақавии Вилнюс рӯзи 27 март бо як қарори худ Дмитрий Язов, собиқ вазири дифои Иттиҳоди Шӯравиро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият гунаҳгор эълон кард. Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки Язов дар соли 1991 дар ҷараёни ҳаракатҳои истиқлолталабии Литва саркӯби мардумро дар Маскав раҳбарӣ мекард.
Бо қарори додгоҳ, Язов дар ғайбаш ба 10 ва собиқ афсари КГБ Михаил Головатов ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Мурофиае, ки се сол идома дошт, тафсилоти кушта шудани 14 нафарро аз ҷониби артиши шӯравӣ дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 1991 ба баррасӣ гирифта буд.
Додситонҳои Литва гуфтанд, ки қариб ҳамаи онҳо 13 январи соли 1991 ҳангоми кӯшиши ҳуҷум ба қароргоҳи телевизион аз ҷониби ниманизомиҳои шӯравӣ кушта шуда, беш аз 700 нафар маҷрӯҳ шуданд. Литва моҳи марти соли 1990 истиқлолияти худро эълон кард ва нахустин ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ба чунин иқдом даст зад. Язови 94-сола он замон вазири дифои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Ҳукми додгоҳ метавонад ба равобити Русияву Литва таъсиргузор шавад, чунки Маскав гуфт, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ширкат намекунад. Дар оғози мурофиае, ки се сол пеш шурӯъ шуд, додситонии кулли Литва нисбати 65 низомии собиқи артиши шӯравӣ, аксар шаҳрвандони Русия, Беларус ва Украина айб эълон кард. Матбуоти русӣ менависад, ки дар курсии айбдоршавандаҳо аз ин 65 нафар танҳо ду нафар нишаста буданд ва дигарҳо ҳама дар ғайбашон муҳокима шуданд. Дар гузашта Думаи давлатии Русия ин мурофиаро “дорои ангезаҳои сиёсӣ” номида маҳкум кардааст. Вокуниши худи Язов феълан маълум нест.