Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо Узбекистон мусовӣ кард


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бозии дувумашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F" бо тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ин бозӣ шоми сешанбе, 26-уми март, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд бидуни гол ба поён расид. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи «F» тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд. Голҳоро нимҳимоятгарон Далер Ёдгоров ва Шарафҷон Солеҳов ба самар расониданд. Ҳарду бозигар аз бошгоҳи футболи ССКА “Помир”-и Душанбе ҳастанд.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “F” дар шаҳри Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон – аз 22-юм то 26-уми март доир гардид.

Нахуст бозӣ дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Ҳиндустон баргузор шуд. Дастаи Узбекистон, ки қаҳрамони феълии Осиё ба шумор меравад, бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “F” дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ пайдо кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мунтахаби Ҳиндустон, ки дар ҳарду бозӣ шикаст хӯрд, бидуни имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кард.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони гурӯҳҳо – Қатар (“А”), Баҳрайн (“B”), Ироқ (“С”), Имороти Муттаҳидаи Араб (“D”), Урдун (“Е”), Узбекистон (“F”), Кореяи Шимолӣ (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Ҷопон (“I”), Чин (“J”) ва Ветнам (“К”), инчунин чаҳор дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон доданд – Австралия (“Н”), Эрон (“С”), Сурия (“Е”) ва Арабистони Саудӣ (“D”) ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 8-26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Мунтахаби Тайланд ба ҳайси кишвари мизбон дар марҳилаи ниҳоӣ ширкат меварзад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23):

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

22 март (ҷумъа)

Ҳиндустон – Узбекистон – 0:3

Даври 2-юм

24 март (якшанбе)

Тоҷикистон – Ҳиндустон – 2:0

Даври 3-юм

26 март (сешанбе)

Узбекистан – Тоҷикистон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи F”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

2

1

1

0

3-0

4

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

2-0

4

3

Ҳиндустон

2

0

0

2

0-5

0

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG