Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистониҳои муқими Торонто Наврӯзро ҷашн гирифтанд


Оши палави тарабхонаи "Националь", ки аз ҷониби тоҷикистонии собиқ Валерий Баротов дар Торонто таҳия шудааст
Оши палави тарабхонаи "Националь", ки аз ҷониби тоҷикистонии собиқ Валерий Баротов дар Торонто таҳия шудааст

Дар шаҳри Торонтои Канада беш аз 200 тоҷику тоҷикистонӣ ҷашни муштараки Наврӯзро таҷлил карданд. Базми наврӯзӣ бо ширкати тоҷикистониҳои муқими Торонто ва ҳамчунин ҷамъияти самарқандиҳо баргузор шуд.

Ҷашне, ки рӯзи 24 март дар тарабхонаи "Националь" баргузор гардид, аз барномаи калони консертӣ ва ҳам дастурхони идона иборат буд. Ин тарабхона марбут ба як шаҳрванди собиқи Тоҷикистон – Валерий Баротов аз шаҳри Хуҷанд аст, ки беш аз ду даҳсола пеш муқими Канада шуда тиҷорати худро ба роҳ монд. Барои меҳмонони базм оши палави хуҷандии идона тақдим шуд.

Марианна Орипова ва фарзандонаш дар ҷашни наврӯзии тоҷикони Канада
Марианна Орипова ва фарзандонаш дар ҷашни наврӯзии тоҷикони Канада

Марианна Орипова, журналист ва як узви ҷомеаи тоҷикистониҳои Торонто рӯзи 26 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар базми наврӯзӣ ҳамаи онҳое ҷамъ омаданд, ки худро як бахше аз фарҳанги Тоҷикистон меҳисобанд ва дар миёни онҳо тоҷикону русҳо, узбекҳову яҳудиҳо ва намояндагони миллатҳои дигар мебошанд.

“Масалан, дар “маҳаллаи русҳо”-и Торонто, - мегӯяд Марианна Орипова, - мураббии маъруфи тими футболи «Помир» Марк Тунис зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд ӯ дар ин базм иштирок карда натавонист, вале ин шахсро дар ҷомеаи тоҷикистониҳои Канада ба хотири хидматҳояш барои футболи тоҷик хеле эҳтиром мекунанд».

Аксар аъзои ҷомеаи тоҷикистониҳои Канада намояндагони касбу кори мухталиф ҳастанд, мегӯяд Орипова. Дар миёни онҳо ҳам сохтмончиҳо ва ҳам ронандаҳои UBER ҳастанд, вале онҳое, ки каме пештар омада муқимӣ шуданд ваё дар мактабҳои маҳаллӣ таҳсил карданд, ба ҳайси табибу мутахассисони компютер, муаллим, тоҷиру соҳибкор кор мекунанд. “Ба Торонто нахустин ҳамватанони мо шояд беш аз ду даҳсола пеш омада бошанд, вале баъди солҳои 2007 шуморашон бешар шуд”, мегӯяд Орипова.

Ташкили ҷашни наврӯзӣ барои бисёриҳо хеле муҳим аст, чунки мардуми дур аз ватану зодгоҳ дар чунин маҳфилҳо метавонанд фарҳанги миллии худро ба ёд оваранд, бо ҳамватанон дидорбинӣ кунанд ва бо ҳамин роҳ, фарзандони худро ҳам бо решаҳои миллии худ ошно гардонанд.

Яке аз ин нафарон Сайёра Фаромарз аст, ки ба духтарон рақси тоҷикӣ ёд медиҳад. Шогирдони ӯ дар базми наврӯзӣ барномаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла чанд рақси бадахшӣ иҷро карданд.

Шумори дақиқи узви ҷомеаи тоҷикистониҳои сокини Торонто маълум нест, вале ба қавли худи онҳо, сол то сол шуморашон тадриҷан зиёд мешавад. Тоҷикистониҳои зиёди дигар дар шаҳрҳои дигари Канада ҳам зиндагӣ мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG