Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Исроил тааллуқ доштани баландиҳои Ҷулонро эътироф кард


Президент Трамп бо эъломияи тааллуқи Баландиҳои Ҷулон ба Исроил
Президент Трамп бо эъломияи тааллуқи Баландиҳои Ҷулон ба Исроил

Президенти ИМА Доналд Трамп эъломияеро имзо кард, ки ба Исроил тааллуқ доштани минтақаи баҳсии баландиҳои Ҷулонро эътироф мекунад. Эъломия рӯзи гузашта дар Кохи Сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу имзо шуд.

"Баландиҳои Ҷулон бояд даҳсолаҳо пеш қаламрави Исроил эътироф мешуд", – гуфт президенти Амрико.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, эътирофи баландиҳои Ҷулон ҳамчун ҳудуди Исроил метавонад ба афзоиши ташаннуҷ дар Ховари Миёна сабаб шавад.

Баландиҳои Ҷулон то соли 1967 ба Сурия тааллуқ дошт. Вале дар натиҷаи ҷанги моҳи июни ҳамон сол бештари ин минтақа таҳти идораи Исроил гузашт. Дертар, соли 1981, порлумони Исроил бо қабули як қонун минтақаи мазкурро ҳудуди худ эълон кард, вале Шӯрои амнияти СММ онро эътироф накард.

СММ борҳо баландиҳои Ҷулонро ишғолӣ номида, аз Исроил хост, минтақаро ба Сурия баргардонад.

Як қисми баландиҳои Ҷулон дар замони ҷанги шаҳрвандии Сурия то соли 2018 дар дасти шӯришгарон буд, вале ҳоло онро артиши Сурия ғасб кардааст ва ин нигаронии раҳбарияти Исроилро ба бор овард.

"Трамп дар замоне ки Эрон мехоҳад, бо истифода аз Сурия Исроилро маҳв созад, мардонавор эътироф кард, ки баландиҳои Ҷулон ба Исроил тааллуқ доранд. Ташаккур ба Шумо, президент Трамп", - навишт Нетаняҳу чанд рӯз пеш аз имзои эъломия дар Твиттер.

Амрико баъди ба сари қудрат омадани Трамп сиёсати рӯ ба Исроилро пеш гирифтааст. Вашингтон моҳи майи соли 2018 сафорати худро дар Исроил аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас кӯчонд.

XS
SM
MD
LG