Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди Амрико аз ирсоли нерӯҳои Русия ба Венесуэла


Дар пайи интишори гузоришҳо аз фуруд омадани ду ҳавопаймои русӣ ва даҳҳо тан аз низомиёни он кишвар дар Венесуэла, Амрико Русияро муттаҳам кард кард, ки "дар пайи афзоиши танишҳо" аст. Русия аз сӯи дигар мегӯяд, Вашингтон "қасди роҳандозии кудато дар Венесуэларо дорад".

Рӯзи якшанбеи 24-уми март як мақом дар ҳукумати Венесуэла ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфта буд, ду ҳавопаймои низомии Русия дар чаҳорчӯбаи "ҳамкориҳои низомӣ" байни ду кишвар, дар Каракас -- пойтахти Венесуэла, ба замин нишастанд. Чанд соат баъд расонаҳои Русия эълон карданд, ки нерӯҳои артиш "барои гуфтугӯ дар мавриди ҳамкориҳо дар заминаи саноати низомӣ", ба Венесуэла рафтанд.

Венесуэла замоне яке аз сарватмандтарин кишварҳои минтақа буд. Аммо тибқи гузоришҳо, ҳудуди 87 дарсади шаҳрвандони он дар ҳоли ҳозир дар фақр зиндагӣ мекунанд.

Русия аз муҳимтарин пуштибонҳои Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесула мебошад. Амрико ҳоло аз Хуан Гуайдо, раиси порлумон ва раҳбари мухолифон, ки худро раиси ҷумҳури муваққат эълон кард, ҳимоят менамояд.

Гуайдо ҳукумати феълии Венесуэларо ғайриқонунӣ медонад ва хостори канор рафтани Мадуро аз қудрат ва баргузории раёсати ҷумҳурӣ аст. Мадуро мегӯяд, президенти қонунии Венесуэла аст ва баргузории интихоботро рад кардааст.

Интиқоли нерӯҳои низомии Русия ба Венесуэла интиқоди шадиди Вашингтонро ба дунбол дошт. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Вашингтон ин иқдоми Русияро маҳкум мекунад. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико, ин иқдоми Русия "ба афзоиши танишҳо" меанҷомад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сергей Лавров гуфт, ҳукумати ИМА "хомӯш нахоҳад нишаст". Оқои Помпео шарҳи бештаре дар мавриди вокуниши эҳтимолии Вашингтон дар баробари фиристодани нерӯҳои русӣ надодааст.

Қабл аз ин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва теъдоде аз мақомҳои ин кишвар таъкид карда буданд, ки дар мавриди Венесуэла ҳама гузинаҳо, аз ҷумла иқдоми низомӣ, рӯи миз аст. Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон низ дар ҷараёни як суханронӣ дар соли гузашта аз "ҷомеаи ҷаҳонӣ" хоста буд, то "ҳама гузинаҳо барои бозгашти озодӣ ба Венесуэларо рӯи миз нигаҳ дорад".

Бино бар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии он кишвар дар ҷараёни гуфтугӯҳои телефониаш бо Майк Помпео гуфтааст, Вашингтон дар талош "барои роҳандозии кудато дар Венесуэла" аст. Сергей Лавров афзудааст, ки чунин иқдом "нақзи эъломияи СММ дар бораи дахолат накардан дар умури як кишвари мустақил аст".

Чунин суханонро Николас Мадуро низ рӯзи шанбе матраҳ кард. Ӯ гуфта буд, Вашингтон "дар ҳоли истифода аз дороиҳои масдудшудаи Венесуэла барои қатл"-и ӯ аст.

Вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, фиристодани нерӯҳои русӣ ва "ҳимоят аз ҳукумати номашруи Николас Мадуро" натиҷае надорад, ба ҷуз "идомаи дарду ранҷи мардуми Венесуэла, мардуме, ки пуштибони Хуан Гуайдо, раиси ҷумҳури муваққат ҳастанд".

Тавре, ки як муассиси назарсанҷӣ дар Венесуэла мегӯяд, наздик ба 80 дарсади шаҳрвандони он кишвар хостори канорагирии Мадуро ҳастанд. Хабаргузории "Рейтерз" низ мегӯяд, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки аз раҳбари мухолифон қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳимоят мекунанд. Оқои Гуайдо дар айни ҳол аз ҳимояти беш аз 50 кишвар низ бархӯрдор аст.

Венесуэла замоне яке аз сарватмандтарин кишварҳои минтақа буд. Аммо он тавре, ки рӯзномаи "The Guardian" ба нақл аз бархе муассисаҳои донишгоҳӣ гузориш додааст, ҳудуди 87 дарсади шаҳрвандони он дар ҳоли ҳозир дар фақр зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG