Як мақоми Венесуэла ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, ду ҳавопаймои артиши Русия дар чаҳорчӯбаи "ҳамкориҳои низомӣ" байни ду кишвар, дар Каракас ба замин нишастанд.
Қаблан бархе расонаҳо гузоришҳое дар мавриди фиристодани ду ҳавопаймои ҷангии Русия ба Венесуэла хабарҳо нашр карда ва гуфта буданд, ки шуморе аз масъулони низомӣ ва дар ҳудуди 100 тан аз сарбозони артиши Русия низ дар ин ду ҳавопаймо буданд.
Русия, Эрон, Туркия, Чин ва бархе аз кишварҳои дигар аз президент Мадуро ҳимоят мекунанд.
Ба назар мерасад изҳороти ин мақоми ҳукумати Николас Мадуро дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ассоишиэйтед пресс", гузоришҳои рӯзҳои гузашта дар мавриди вуруди сарбозони рус ба Велесуэларо таъйид мекунад. Яке аз хабарнигорони хабаргузории "Франс-прессс" гузориш додааст, як ҳавопайморо бо парчами Русия дар яке аз фурудгоҳҳо дидааст, ки аз сӯи Горди миллии Венесуэла муҳофизат мешуд.
Мақоми велесуэлие, ки хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" номи ӯро фош накард, гуфтааст, ҳузури нерӯҳои артиши Русия "барои тамрин, таъмири таҷҳизот ва умури стратегӣ аст".
Ин албатта барои бори аввал нест, ки Русия бино бар гузоришҳо, ба Венесуэла ҳавопаймои низомӣ мефиристад. Чанд моҳ пеш вазорати дифои Русия расман эълон карда буд, ки ду ҳавопаймои ҷангӣ дар фурудгоҳе дар атрофи Каркас -- пойтахти Венесуэла, фуруд омаданд.
Аммо он замон ин як иқдоми низомии маъмулӣ ба шумор мерафт. Созмони кишварҳои амрикоӣ дар вокуниш ба фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангии Русия баёнияе содир карда ва гуфтанд, ин масъала боиси нигаронии онҳо шудааст. Чанд рӯз баъд ин ҳавопаймоҳо ба Русия бозгаштанд.
Нашри гузоришҳои нав дар бораи "ҳамкориҳои низомӣ"-и Русия ва Венесуэла дар ҳоле аст, ки эътирозҳо алайҳи ҳукумати Николас Мадуро пас аз он, ки Хуан Гуайдо, раиси порлумони Венесуэла худро раиси ҷумҳури муваққати кишвараш эълон кард, вориди марҳилаи нав шудааст.
Русия, Эрон, Туркия, Чин ва бархе аз кишварҳои дигар аз президент Мадуро ҳимоят мекунанд. Аммо Амрико ва беш аз 50 кишвари дигар раёсати ҷумҳури муваққати Гуайдоро ба расмият шинохта ва хостори баргузории интихобот дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ ҳастанд.
Русия аз назари молӣ низ ба ҳукумати Велесуэла ҳимоятҳои зиёди молӣ карда ва ширкатҳое монанди "Руснефт" соҳиби майдонҳои газ ва манбаъҳои энержӣ дар Венесуэла ҳастанд. Игор Сечин, раиси ширкати давлатии "Руснефт" шахсан дар Маскав бо Мадуро мулоқот карда ва ба Каракас сафар кардааст.
Амрико ахиран як бонки русиро барои иртибот бо ҳукумати Венесуэла таҳрим кард ва вазорати молияи ИМА ҳушдор дод, алайҳи ниҳодҳои молии хориҷӣ, ки бихоҳанд бо ҳукумати Николас Мадуро ҳамкорӣ кунанд, чораҳои сахт хоҳад андешид.
Офарин Ҷаноби Олӣ. Ҳатман аз обруи ниҳоят бузургаш дар тамоми арсаи байналмилалӣ истифода намуда, Ҷаноби Олӣ метавонад миёнарав ҷанги Россия ва мамлакатҳои Европа ва Америка гардад.
Ҳамин Файз Ёдгор бараҳна ҷошда рава ҳамара тинҷ мекуна. Ин мардак номаш наботу ҳамара талх кард.
рохбар бояд иктисоддон бошад, дар он чо чанг нест, ки раиси вилоят генерали кгб бошаду, зам. маш полковник. чавонони боакл зиедданд, ки дили мардумро ёфта тавонанд, на инхо, ки мардум дар хона нон надораду, инхо дар айшу шифо.
Пешвои муаззами миллат аз 1993 то хол кораш танхо хунрези
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хурад.