Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Трамп аз маҳви гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия


Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз шикасти гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ситоиш кардааст. Аммо ӯ гуфтааст, то замоне ки ДИИШ дар ҳамаи ҷои дунё аз байн наравад, Амрико муроқиби авзоъ хоҳад буд.

Трамп рӯзи шанбе дар як баёния гуфт, бо муттаҳидон ва шарикони худ барои шикасти комили террористон якҷо кор мекунанд. Патрик Шанаҳан, сарпарасти Вазорати дифои Амрико ҳам гуфтааст, ин кишвар ба қавли худ барои пурра шикаст додани гуруҳи “Давлати исломӣ” пойбанд аст.

Нерӯҳои демократии Сурия, ки аз ҳимояти Амрико бархӯрдоранд, рӯзи 23-юми март аз озодии шаҳраки Боғуз, охирин минтақаи зери назорати ДИИШ дар Сурия хабар доданд. Боғуз дар шарқи Сурия ва наздик ба сарҳади Ироқ ҷойгир аст.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ва Тереза Мей, нахуствазири Бритониё аз ишғоли дубораи Боғуз истиқбол кардаанд. Аммо нахуствазири Бритониё ҳушдор додааст, ки хатари ДИИШ набояд нодида гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, Башор Ҷаъфарӣ, сафири Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 22-юми март гуфт, ҳукумати Сурия ба ҳимояти Русияву Эрон нақши аслиро дар шикаст додани ДИИШ доштааст, на Амрико.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” соли 2014 бахшҳои бузурге аз Ироқу Сурияро зери тасарруфи худ дароварда, хилофати худхонда эълон карда буд.

Ҳукумати Ироқ дар соли 2017 пирӯзии худро дар баробари ДИИШ дар ин кишвар эълон кард. Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дигар ҳеч минтақаеро дар Сурияву Ироқ назорат намекунанд. Аммо ба анҷоми ҳамлаҳо дар ҳарду кишвар идома додаанд.

Ин гуруҳи тундрав дар нимҷазираи Сенайи Миср, Афғонистон ва ҷойҳои дигар низ ҳамфикрон ва муттаҳидони худро доштааст.

XS
SM
MD
LG