Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақталабии занон. Ҷунбиши "феминизм" дар Осиёи Марказӣ


Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷунбиши “феминизм” рӯз то рӯз авҷ мегирад ва сарфи назар аз фишори доираҳои суннатӣ фаъолони ин ҷунбиш аз мубориза барои ҳуқуқи худ даст кашиданӣ нестанд.

Феминизм ба унвони равиши зиндагӣ

Дар миёни 19 узви ҳукумати Тоҷикистон танҳо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зан аст.

“Дар ҷомеаи мардсолор ҳамеша талош мекунанд, ки Шуморо ислоҳ кунанд, то ба меъёр мувофиқ бошед. Вақте бузург мешавед, дарк мекунед, ба Шумо он ҳуқуқеро надодаанд, ки ба писарҳо додаанд. Зан дарк мекунад, ки мардҳо ба ӯ мисли як одами навъи дуюм муносибат мекунанд. Масалан, ман мехоҳам муҳандис шавам, аммо мегӯянд, духтар бояд муаллима шавад”, - гуфт узви ҷунбиши феминистӣ дар Бишкек Жанна Араева.

Ба қавли ӯ, феминизм танҳо як мавқеияти иҷтимоӣ нест, балки “равиши зиндагӣ ва мубориза барои ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи занони дигар, ки баробарӣ дар ҳама ҷиҳатҳо ва озодии интихобро доранд”.

Жанна ба муҳаррирӣ машғул аст ва дар мавзӯи “Ҳузури занон дар иқтисод ва расонаҳо” рисолаи номзадӣ менависад, ки ният дорад онро дар Туркия дифоъ намояд. Мегӯяд, таъсири бисёрро ба шаклгирии мавқеи феминистияш таҳсил дар Туркия гузоштааст, ки он ҷо дар ҷомеаҳои академӣ занҳо барои ҳимояи ҳуқуқи худ хеле талош мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир ин фаъоли иҷтимоӣ дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва дар доираҳои занҳои феминист ҳузури бисёр фаъол дорад ва мегӯяд, ҳамчунин дар роҳпаймоие, ки рӯзи 8-уми марти имсол дар Бишкек баргузор шуд, иштирок кардааст.

Бишкек аз рӯйи феминизм аввал аст

Бонувони Қирғизистон нисбат ба занони дигари минтақа дар масоили ҳимояи ҳуқуқи зан фаъолтар будаанд. Соли чаҳорум аст, ки пайи ҳам дар шаҳри Бишкек роҳпаймоии мусолиматомез бахшида ба 8-уми март баргузор мешавад ва дар он фаъолон барои ҳуқуқи баробар, муқобили дуздидани арӯсҳо, ки то кунун дар баъзе навоҳии дурдаст иттифоқ меуфтад, ҳамчунин хушунати ҷинсӣ ва хонаводагӣ талош мекунанд.

“Занони Қирғизистон ҳамеша аз озодии худ ҳимоя кардаанд, ин дар тафаккури мо нуҳуфта аст. Ба ҷуз ин, Қирғизистон як миқдор кишвари демократитар аст ва мардум ба баёни озодонаи иродаашон одат кардаанд”, - мегӯяд фаъоли ҷунбиши феминистӣ Жанна Араева.

Ӯ таъкид мекунад, ки ин дастовард дар маҷмуъ барои ҳуқуқи занҳо танҳо марбут ба феминистзанҳо нест, балки хидмати дигар ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқе низ ҳаст, ки дар сатҳҳои гуногун талош мекунанд масъалаи ҳуқуқи занҳоро матраҳ мекунанд.

Дар Қазоқистон талош доранд қонунҳоро шадидтар кунанд

Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон намояндагони ҷинси латиф талош мекунанд, ки дар канор намонанд. Тавре дар суҳбат бо Радиои Озодӣ раҳбари Ҷунбиши “Хомӯш мабош” Диaна Исмоилова гуфт, дар Қазоқистон ду ниҳоди сабтиномнашудаи феминистзанҳо “Феменита” ва “Казфем” фаъолияти густарда доранд.

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз пешрафтҳое дар дидгоҳҳои мардону занон вобаста ба баробарии ҷинсӣ, минтақаҳое ҳастанд, ки то кунун дар он ҷо занҳо мавриди хушунат қарор мегиранд, дуздидани арӯсҳо вуҷуд дорад, занҳо на танҳо аз сӯйи шавҳарони худ комилан назорат мешаванд, балки аз ҷониби наздикони шавҳарҳояшон низ таҳти назорат ҳастанд. “Ҳеч чизро намешавад тағйир дод, зеро наздиконашон бар ин назаранд, ки ин шармовар аст ва хонаводаи хубест бигзор бимонад. Мо аз нигоҳи қонунӣ бисёр заифем, аз нигоҳи ҳуқуқӣ занҳо қонунан ҳимоя нашудаанд”, - мегӯяд Исмоилова.

Ӯ мегӯяд, ки дар қонунгузории Қазоқистон ҳатто барои латту кӯби вазнини миёна мардон метавонанд бо ҷаримаи муқаррарӣ халос шаванд ва барои хушунати ҷинсӣ маҳрумият аз озодӣ аз 3 то 5 сол пешбинӣ шудааст, аммо бештар сулҳ додани тарафҳо амалӣ карда мешавад.

Исмоилова мегӯяд, занони фаъол талош доранд, ки ба шадид шудани қонунгузориҳои мавҷуда муваффақ шаванд ва ҳамчунин хостори бештар шудани занон дар ҳукумат ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 8%-ро дар бар мегиранд. “Агар дар мо кишварро 92% мардон мудирият мекунанд, табиист, ки баробарӣ намешавад. Тафаккури бисёре аз сиёсатмадорони мо чунин аст, ки бо далели синнусолӣ ба мардсолорӣ мепардозанд”,- таъкид мекунад ин фаъолзан.

Мавзеъгирии рӯшантари занони қазоқистонӣ моҳи феврали соли 2019, вақте мушоҳида шуд, ки модарони серфарзанд барои эътироз бо талаби боло бурдани пуштибонии иҷтимоӣ ба хиёбон рехтанд. Баҳонаи ин эътироз сӯхторе дар Остона буд, ки дар натиҷаи он 5 кӯдак, ки он замон волидонашон дар басти шабона кор мекарданд, ҷон доданд.

Феминизми тоҷикӣ маҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоист

Дар Тоҷикистон ҷунбиши шаклгирифтаи феминистӣ вуҷуд надорад. Масоили марбут ба баробарии ҷинсӣ бештар дар сатҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар сатҳи ҳимояи ҷисмонии занон муҳокима карда мешаванд. Духтарони ҷавон аксаран аз озору азиятҳои ҷисмонӣ ва ахлоқӣ аз тарафи ҷинси муқобил шикоят мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд лозим нест ба раҳпаймоӣ биравем, вале бо ин ҳол муваффақ ба пешрафтҳои мушаххасе шудаем.

Зулайхо Усмонова
Зулайхо Усмонова

“Дастоварди бузурги ҳаркати занон он буд, ки дар соли 2013 қонун “Дар бораи пешгирии хушунати хонаводагӣ” пазируфта шуд. Бори аввал миёни ҳамаи кишварҳои минтақа, чунин қонун дар мо қабул карда шуд. Механизмҳои иҷроӣ кардани ин қонун ҳарчанд бисёр заифанд, вале вуҷуд доранд”, - мегӯяд коршиноси масоили гендерӣ Зулайхо Усмонова.

Ба шумули дастовардҳои ҷунбиши занон ин фаъолзан ҳамчунин қарори ҳукумат дар мавриди то 18-сола боло бурдани синни никоҳ барои духтаронро низ ворид мекунад.

Бояд гуфт, соли гузашта баъди шикояти як бонуи бошандаи Душанбе дар мавриди гаппартоиҳои нохушоянд аз сӯйи мардон, ҳукумат тасмим гирифт, гуруҳи корӣ ташкил кунад. Ба ҷуз ин, ваъда шуда буд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр ба таври иловагӣ 250 камераи назаоратӣ насб карда мешавад.

Мушкилоте, ки боқӣ мемонанд

Бо ин ҳол, сарфи назар аз баробари дар Қонуни Асосӣ ва Кодекси меҳнат дар Тоҷикистон занони бисёре аз ноҳаққиҳои марбут ба тафовут дар музди меҳнат дар муқоиса бо мардон, ҳамчунин аз вуҷуди монеаҳои ғайрирасмӣ, ки рушди карйераи онҳоро маҳдуд мекунад, шикоят доранд.

Барои мисол миёни 19 аъзои ҳукумати Тоҷикистон танҳо Сумангул Тағойзода зан аст, ки вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро раҳбарӣ мекунад. Дар порлумони Тоҷикистон занон 17,5%-ро ташкил медиҳанд. Барои муқоиса дар Қирғизистон ҳузури занҳо дар порлумон 23%, Туркманистон 25,8%, Узбекистон 19,2% ва Қазоқистон 22%-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Зулайхо Усмонова, масъалаи ҳузури сиёсии занон дар Тоҷикистон ҳамчунин доғ аст, вале барои ин ӯ чунин меҳисобад, ки шумораи духтарони таҳсилкарда ва босалоҳиятро бояд зиёд кард.

Фаъолони ҷунбиши баробарҳуқуқӣ дар тамоми кишварҳои минтақа таъкид мекунанд, ки ҳадафи асосии онҳо ба ҷомеа расонидани усулҳои баробарии занон ва ҳуқуқи онҳо ба озодӣ аст. Бо вуҷуди ин, онҳо мегӯянд, ки баъзан аз сӯйи суннатгароҳое, ки мардсолориро ба сифати вазъи муқаррарии ҷомеа ва хонавода қабул доранд, таҳти фишор қарор мегиранд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG