Рақиби дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) баъди натиҷагирии даври севуми мусобиқот, ки рӯзи 22-юми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, бошгоҳи ССКА “Помир”-и Душанбе гардид.
Дар гурӯҳи «А» се даста – «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд , «Олға»-и Бишкеки Қирғизистон ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ сеимтиёзӣ гирифтанд. Вале аз рӯи нисбати беҳтари тӯбҳо дар ин гурӯҳ «Хуҷанд» ғолиб шуд.
Ёдовар мешавем, дар гурӯҳи «В» дастаи «Истаравшан», ки бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намуд, аввалин шуда ба финали Ҷоми ЛФТ роҳ пайдо кард.
Дар гурӯҳи «С» ССКА «Помир» ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ чоримтиёзӣ ба даст оварданд. Бозӣ миёни ҳарду бо натиҷаи мусовӣ (1:1) хотима ёфт. Дар ин маврид роҳхати дуюм ба финал аз рӯи қоидаи «Fair play» ҳал шуд: дастае, ки кортҳои камтар гирифт, мақоми болотарро азони худ кард. Низомиён, ки огоҳии камтар доштанд, дар ин гурӯҳ ғолиб дониста шуданд.
Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми ЛФТ рӯзи якшанбе, 24-уми март, дастаҳои «Истаравшан» ва ССКА «Помир» рақобат мекунанд. Барои ҷойи сеюм «Хуҷанд» ва «Панҷшер», барои ҷойҳои 5-6-ум «Олға» ва «Хатлон», барои ҷойҳои 7-8-ум мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ва «Кӯктош» бо ҳам талош меварзанд.
«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳамчун дастаи нокоми ин мусобиқа дар бозии плей-офф ширкат намеварзад. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар ҷойгоҳи охирин – нӯҳум – қарор гирифтанд.
Дар Ҷоми ЛФТ нӯҳ даста – ҳафт бошгоҳи лигаи олии Тоҷикистон, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ва тими «Олға»-и Бишкеки Қирғизистон - ширкат доранд.
Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
«Олға» – «Кӯктош» – 0:1
Гол: Муҳсин Абдуғаффоров, 78.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
22 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон».
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-3 |
3 |
2 |
«Олға» (Бишкек) |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-2 |
3 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-4 |
3 |
Гурӯҳи «В». Даври 3-юм
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 2:3
Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 41 (0:1). Ҳасан Рустамов, 45+1 – аз пеналтӣ (1:1). Маҳмадалӣ Содиқов, 55 (1:2). Фирӯз Раҳматов, 78 (2:2). Абдухалил Боронов, 90 – аз пеналтӣ (2:3).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
22 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон».
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
2 |
2 |
0 |
0 |
6-2 |
6 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-4 |
3 |
3 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
2 |
0 |
0 |
2 |
4-7 |
0 |
Гурӯҳи «С». Даври 3-юм
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «Панҷшер» – 0:1
Гол: Муҳаммад Валиев, 88.
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
22 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ».
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
2 |
1 |
1 |
0 |
2-1 |
4 |
2 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
2 |
1 |
1 |
0 |
2-1 |
4 |
3 |
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-2 |
0 |
24 март (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
9:00 – «Кӯктош» – Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)
Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
11:00 – «Хатлон» — «Олға»
Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
13:00 – «Хуҷанд» – «Панҷшер»
Финал
15:00 – «Истаравшан» – ССКА «Помир»