Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бахтовар Абдуллоев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гуштии самбо, медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад, имрӯз, 22-юми март, дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии Маскав шуруъ шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҳайси довар ширкат дорад, аз шаҳри Маскав хабар дод. Вай гуфт, «дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия ҳамасола баргузор мекунанд, ҳудуди 200 гуштигир аз наздики 30 кишвар иштирок менамояд. Мусобиқа миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир шудааст.»

Ба иттилои Абдуллоев Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳонии самбо се варзишгар намояндагӣ мекунад. Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило имрӯз, 22-юми март, рӯи гилеми гуштигирӣ омад. Дар ин вазн ҳамагӣ се варзишгар иштирок дорад.

Бар асоси қуръакашӣ Абдуллоев бо Ҳадис Иброҳимови русиягӣ рақобат карда, мағлуб гашт ва ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ дар ин вазн шоми имрӯз Иброҳимов ва Аннақурбонови туркман, ки бидуни рақобат ба финал баромад, барои медали тилло талош мекунанд.

Ду варзишгари дигари тоҷик рӯзи шанбе, 23-юми март, вориди рақобатҳо мешаванд. Қаҳрамони феълии ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ ва барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Ҳарду дар вазни то 62 кило қувваозмоӣ мекунанд.

Рӯзи ҷумъаи 22-юми март занон дар чор вазн: 52, 60, 68 ва 80 кг ва мардон низ дар чор вазн: 57, 68, 82 ва 100 кг оид ба самбои варзишӣ, инчунин мардон дар чор вазн: 57, 68, 82 ва 100 кг оид ба самбои размӣ вориди рақобатҳо шуданд. Қувваозмоиҳои ниҳоӣ шоми ҷумъа баргузор мешаванд.

Рӯзи шанбеи 23-юми март барандагони медалҳо дар панҷ вазн: 48, 56, 64, 72 ва беш аз 80 кг миёни занон ва дар панҷ вазн: 52, 62, 74, 90 ва беш аз 100 кг байни мардон, инчунин дар панҷ вазн: 52, 62, 74, 90 ва беш аз 100 кг оид ба самбои размӣ миёни мардон маълум хоҳанд шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) - бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Вале соли гузашта ба варзишгарони тоҷик иҷоза дода нашуд, ки дар Ҷоми ҷаҳонии самбо “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” иштирок намоянд. Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ба далели қарздорӣ ё напардохтани ҳаққулузвият, дархости Тоҷикистонро барои ширкати варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ напазируфта буд.

XS
SM
MD
LG