Шаҳрванди Латвия Эвалдас Римасаускас рӯзи гузашта ҷурми дуздии беш аз 100 миллион долари ширкатҳои интернетии Амрикоро эътироф кард. Ба навиштаи матбуот, ширкатҳои Google ва Facebook мавриди тақаллубкории Римасаускас қарор гирифтанд.
Варақаи матбуотии Додситонии Ҳавзаи Ҷанубии Ню Йорк мегӯяд, ки Римусаускаси 50-сола ширкатеро ба номи шабеҳи Quanta аз Тайван, содиркунандаи таҷҳизоти текноложӣ, дар Латвия сабти ном кард. Ӯ бо истифода аз монандии ном ва иттилоот, ки аз роҳи рахна кардани почтаҳои эелектронии ширкатҳои осебдида ба даст овард, тавонист онҳоро фиреб диҳад ва ҳисобҳоеро барои пардохти фурӯши таҷҳизот пешниҳод кунад. Римасаускас аз соли 2013 то 2015 ин амалро анҷом медод.
Дар ин муддат ширкатҳои осебдида ба ҳисобҳои Римусаускас дар Латвия 123 миллион доллар фиристоданд. Пулҳо аз ин ҳисобҳо зуд ба ҳисобҳои дигари Римусаускас дар Латвия, Қибрис, Словакия, Маҷористон ва Ҳонконг интиқол ёфтанд.
Эвалдас Римусаускас дар заминаи дархости ИМА моҳи марти соли 2017 боздошт ва моҳи августи ҳамон сол ба Ню Йорк истирдод шуд. Аз рӯи қонунҳои ИМА ба ӯ 30 соли зиндон таҳдид мекунад. Эълони ҳукм ба 24 июл барномарезӣ шудааст.