Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо озодии оҷили Аюб Титиевро талаб кард


Аюб Титиев
Аюб Титиев

Иттиҳодияи Аврупо талаб кард, ки раҳбари бахши созмони "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиев, ки рӯзи гузашта бо ҷурми "нигаҳдории маводи мухаддир" ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд, "оҷилан ва бидуни қайду шарт" озод шавад.

Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи душанбе пахш шуд, таъкид мешавад, ки ҳукми Титиев мустақиман ба фаъолияти ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон рабт дорад ва ҳуқуқи ӯ барои мурофиаи одилона риоя нашуд.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун ёдовар шуд, ки то ҳол ҳеҷ нафаре барои куштори раҳбари пешини "Мемориал" дар Чеченистон Наталя Эстемирова дар соли 2009, ҷазо нагирифтааст.

Раҳбари Комиссиюни Шӯрои Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Дуня Миятович бо нигаронӣ аз ҳукми Титиев онро намунаи навбатии "фазои хасмона ва хатарнок" барои фаъолони ҳуқуқ дар Чеченистон номид.

Миятович бори дигар аз Русия даъват кард, ки тааҳудоти байналмилалиашро риоя кунад ва мутаваҷеҳ бошад, ки сохтори додгоҳӣ барои таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ истифода нашавад.

Титиев моҳи январи соли гузашта дар Чеченистон боздошт шуд ва ба гуфтаи тафтишот гӯё бо худ ҳудудан 200 грам марихуана дошт. Титиев иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки маводи мухаддирро махсус ба мошини ӯ партофтанд.

Ҳамкорони Титиев мегӯянд, ки парвандаи ӯ сохта аст ва ҳукумати Чеченистон мехоҳад бо роҳи шиканҷа аз фаъолон халос шавад. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров борҳо аз фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар ин ҷумҳурӣ шадидан интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG