Конфедератсиони футболи Осиё доварони бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019-ро дар гурӯҳи “D” миёни ду бошгоҳи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд - таъйин намуд.
Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, ин бозиро ҳакамон аз Шри-Ланка доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Гамини Нивон Робеш сардовари бозӣ таъйин гардидааст. Ба ӯ доварони марзи майдон Веллабада Ниваҷ Дон Санҷива Премалал ва Локу Кастботе Иран Удайяканта кӯмак мекунанд. Ҳанно Хатоб аз Сурия вазифаи довари эҳтиётиро ба зимма дорад. Рустам Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Субраманиан Маникам аз Малайзия комиссари ин бозӣ мебошанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи "D" дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон), "Алтин Асир" (Туркманистон) ва “Хуҷанд” (Тоҷикистон) рақобат мекунанд.
Бозии даври аввали мусобиқот дар ин гурӯҳ миёни ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” - рӯзи 3-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.
Ҷоми AFC-2019
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
3 апрел (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Сардовар: Гамини Нивон Робеш (Шри-Ланка).
Кӯмакдоварон: Веллабада Ниваҷ Дон Санҷива Премалал, Локу Кастботе Иран Удайяканта (ҳарду аз Шри-Ланка).
Довари эҳтиётӣ: Ҳанно Хатоб (Сурия).
Нозири доварон: Рустам Юсуф Мирзо (Арабистони Саудӣ).
Комиссари бозӣ: Субраманиан Маникам (Малайзия).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 2-юм
17 апрел (чоршанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 3-юм
1 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
15 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 5-ум
19 июн (чоршанбе)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
26 июн (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Охир гуломи рус гаштаем намехохем русро ранчонем
Боз ба такрор мегуям ки гардиш ва хариду фуруши махсулоти аввалия ва ахамияти стратеги дошта (орд, гандум, равган, шакар, сузишвори) бояд сад дар сад дар монополияи давлат бошад. ако гапатон сад поз дуруст, енду ба пикри ма хамин гуптагихои худуш хамаш дар манаполияи давлат аст ку ё ба пикри шумо "Фароз" давлат не ми?
Ман мизочи депозитии Точиксодиротбонки Точикистон хастам. Аз соли 2015 инчониб наметавонам пулхои дар ин бонк гузоштаамро бозпас гирам.Аз 21.05.2021 ин бонк бо карори Бонки Милли Точикистон муфлисшуда эълон шуд, ва Мудири Махсус дар ин бонк таъин карда, масъулини бонк гуфтанд, ки дар мудати кутох амволхои бонкро фурухта пасандозхоятонро бармегардонанд.Аммо бо гузашти як сол то ба хол фуруши амволхоро огоз накардаанд, ва раванди бархамдихии бонк бенихоят суст рафта истодааст. Агар бо чунин суръат раванди бархамдихии бонкро идома диханд дахсолахои дигар лозим мешавад, ки пасандоздорон пулхояшонро бозпас гиранд.Ин усули бархамдихии бонк мо пасандоздоронро сахт нигарон карда аз такдири норушани пасандозхоямон дар ин бонк гамгин хастем. Аз ин лихоз аз шумо мухтарам кормандони Радиои Озоди эхтиромона хохиш менамоям, ки як барномаи махсус оиди пасандозхои мардум бо мудири махсуси Точиксодиротбонк мусохиба мегузаронидед то ин ки мо бидонем ки такдири норушани пасандозхоямон чи мешавад. Хохиш мекунам ки чунин саволхоро ба мудир дихед: 1. Бинои асосии бонк ва бинои мехмонхона ки ба фуруш гузошташудаанд оё маблаги ин бинохо баъди фурухта шуданашон пасандозхои мардумро медиханд ё дигар карзхояшонро медиханд? 2. Амволхои пурраи бонкро кай ба фуруш мегузоранд? 3. Чаро як сол гузаштааст аз бархам додани бонк то хол амволхои бонк ба фуруш гузошта нашудаан?
Причём здесь Худжанд. Таъриха хон баъдан дар бораи савод минтакахо гап зан. Такаббур ин саводноки нест. Саводноки ин донистан ва ба чомеъа манфиат расондан аст.
Сирри давлатиям як сиёсати хирадмандона аст. Мисли суд паси дархои сварка кардаги