Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин бо харҷи 300 миллион доллар дар Кӯлоб корхона месозад


Як ширкати азими давлатии Чин (China State Machinery Industry Construction Group Inc) ният дорад, ки бо харҷи 300 миллион доллар дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон корхонаи нассоҷӣ бисозад.

Кӯлоб бо аҳолии беш аз 200 ҳазор нафар, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Баъди фурӯпошии Шӯравӣ аксари корхонаҳои саноатиаш фалаҷ шуд ва бинобар аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ мизони бекорӣ низ дар ин минтақа зиёд аст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 16-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, корхонаи "Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк" дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бунёд мешавад. Интизор меравад, корхона дар ду марҳила – марҳилаи аввал бо харҷи 130 миллион доллар ва марҳилаи ниҳоӣ бо 170 миллион доллар бунёд шавад.

Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб охири моҳи феврали имсол таъсис шуд. Чунин минтақаҳо бо ироаи сабукиҳои махсуси андозӣ ва расмиёти камтар барои ҷалби бештари сармоягузорон ва таъсиси корхонаҳо ташкил мешаванд.

Феълан дар Тоҷикистон чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ – "Ишкошим", "Суғд", "Данғара" ва "Панҷ" фаъоланд. Бар асоси омори расмӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии "Суғд" ва "Данғара" аз рӯи ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳо пешсафанд.

Мақомоти Вазорати рушди иқтисод гуфтанд, Ху Син – менеҷер оид ба масъалаҳои тиҷоратиии ширкати China State Machinery Industry Construction Group Inc дар аввали моҳи март ба Тоҷикистон омада буд ва бо мақомот дидору гуфтугӯ дошт.

Тибқи лоиҳа корхонаи нассоҷӣ дар Кӯлоб имкони коркарди 35 ҳазор тонна пахтаро дар як сол хоҳад дошт. Ҳамчунин панҷуним ҳазор ҷойи кории нав эҷод мешавад.

Бино ба маълумоти Раёсати саноат дар минтақаи Кӯлоб, дар ин минтақа 14 корхонаи миёна ва бузурги коркарди пахта вуҷуд дорад. Аммо аз се корхонаи пахтатозакунии шаҳри Кӯлоб танҳо ду корхона, аз се корхонаи Восеъ якто ва аз 5 корхонаи ноҳияи Фархор танҳо дутоаш фаъол аст. Боқимонда ба гуфтаи мақомот, бо иллатҳои гуногун фаъолият намекунанд.

Моҳи августи соли 2018 Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҳузури соҳибкорон дар Кӯлоб ҷаласа баргузор кард ва гуфт, корхонаҳое, ки онҳо аз давлат харида хусусӣ кардаанд, бояд ба кор андозанд, вагарна дубора давлатӣ мешаванд.

Расулзода аз ҷумла ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур дода буд, ки корхонаҳои дар ихтиёраш бударо дар ин минтақа ба кор андозад.

Дар сурати бунёд шудан, ин дувумин корхонаи бузурги нассоҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бо сармояи Чин хоҳад буд. Қабл аз ин, ширкати дигари чинӣ - "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" – соли 2016 дар ноҳияи Данғара ба кор пардохта буд.

Сармоягузории ҳангуфти Чин аз як сӯ боис ба эҷоди коргоҳҳои нав мешавад, аммо аз тарафи дигар корхонаҳои нассоҷии маҳаллӣ тобу тавони рақобат бо ширкатҳои азими Чинро надоранд ва муфлис мешаванд. Танҳо баъди ба кор даромадани "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” дар минтақаи Кӯлоб 10 корхонаи коркарди пахтаи маҳаллӣ аз кор мондааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон беш аз дигарон аз Чин қарздор аст. Айни замон қарзи берунии Тоҷикистон ба беш аз 2 миллиарду 900 миллион доллар мерасад ва бахши асосии он аз Чин аст. Қаблан созмони Global risk insight гуфта буд, ки қарзҳои ҳангуфт дар оянда метавонанд "як фишанги пурзӯри Чин" дар таъсир ба кишварҳои қарздораш шавад.

XS
SM
MD
LG